Савдо гарм мешавад: МОИ Суғд дар Чин намояндагӣ боз кард

© Sputnik / Амир ИсаевРынок Мехргон, архивное фото
Рынок Мехргон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ)"Суғд" соли 2009 таъсис ёфта, дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси иқтисодӣ муҳайе карда шудааст

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Митақаи озоди иқтисодии "Суғд" намояндагии худро  дар шаҳри Сиани музофоти Шэнси ва шаҳри Шанхай Чин ифтитоҳ намуд, иттилоъ додааст вебгоҳи МОИ.

Бино ба иттилоъи манбаъ созшнома дар бораи боз кардани намояндагӣ, ба наздикӣ, ҳангоми сафари роҳбари маъмурият Олимзода Фирдавс ба Чин имзо шудааст.

"Намояндагӣ имконият медиҳад ҳамкориро бо шарикони Чин густариш дода, дар баланд бардоштани сатҳи маъруфияти минтақа барои ҷалби сармоягузорӣ саҳм гузорад" — таъкид кардааст манбаъ.

Қарор аст, намояндагӣ корҳои ташкилӣ ва машваратиро барои муаррифии Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", бо мақсади ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар минтақа ба роҳ монад.

Дар ҳамин ҳол сардори намояндагӣ дар шаҳри Сиан Фирдавс Отаҷонов ва дар шаҳри Шанхай Эмомалӣ Саидов тайин шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0