ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Душанбе иҷлосияи чордаҳуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бо иштироки муовини нахуствазири Русия Игор Шувалов санаи 27-уми январ баргузор мешавад.
Дар доираи вохӯрӣ бо иштироки Шувалов имрӯз ифтитоҳи маркази содироти Русия дар Душанбе дар назар аст, хабар дод сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба РИА Новости.
"Намояндагии маркази содироти Русия дар кишварҳои дорои афзалиятҳои иқтисодӣ, тибқи консепсия кушода мешавад. Тоҷикистон яке аз муҳимтарин давлатҳои ИДМ барои пешбурди савдои Русия ба шумор меравад ",-гуфт ба оҷонсӣ намояндаи ФР дар Душанбе.
Хонаи савдои содироти Русия бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикитону Русия ташкил мешавад.
"Аз байни хизматрасониҳои асосие, ки хонаи савдо пешниҳод мекунад — мусоидат ба дарёфти харидорон ва ҳамкорон, музокирот, дастгирии ширкатҳои иқтисодӣ, муаррифии ширкатҳои русӣ, барои шарикони эҳтимолӣ дар Тоҷикистон. Аллакай хонаи савдо 20 лоиҳаи ҷониби Русияро бо маблағи умумии 33 милллион доллар дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда, 20 лоиҳаи дигар дар сатҳи таҳқиқи қарор доранд",-илова кард мусоҳиб.