Муҷассамаи тилоии духтари тоҷикро дар Маскав таъмир мекунанд

© Sputnik / Владимир Песня"Дружба народов", главный фонтан ВДНХ
Дружба народов, главный фонтан ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шонздаҳ муҷассамаи духтарони “тиллоӣ” аз фаввораи “Дӯстии халқҳо” бардошта, барои таъмир равон карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 12 окт - Sputnik. Дар боғи ВДНХ дар шаҳри Маскав фаввораи “Дӯстии халқҳо”, ҷойгир шудааст, дар он муҷассамаи 16 духтари "тиллоӣ" насб гардида, ба яке аз онҳо "духтари тоҷик" ном дода шудааст.

Тавре ташкилоти  “Гормост” хабар додааст, муҷассамаҳои духтарон таъмир карда мешаванд.

Президент Беларуси Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Лукашенко дар Белорус ба номи Эмомалӣ Раҳмон ду боғ бунёд мекунад

Бино бар иттилои манбаъ, шурӯъ аз 12 октябри соли равон таҷзияи муҷассамаҳо оғоз мегардад.  Ҳар як муҷассамаи духтарон, ки рамзи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро инъикос мекунанд, ба маркази таъмиру навсозӣ равон карда мешаванд. Таъмиру навсозии духтарони “тиллоӣ” қариб ҳафт рӯзро дар бар мегирад.

“Ҳар як муҷассама аз ду то дувуним тонна вазн дорад”, - тавзеҳ додааст манбаъ.

Фаввораи “Дӯстии халқҳо” –  фаввораи асосӣ ва яке аз рамзҳои махсуси ВДНХ-и Маскав мебошад. Ин иншоот дар соли 1954 мувофиқи нақшаи Константин Топуридзе ва Г.Д Константиновский сохта шуда буд.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали в детском парке - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ номи боғи “Дӯстии Халқҳо” - ро иваз кард

Фаввораи мазкур дар гулгашти марказии майдони Дӯстии халқҳо дар паҳлуи намоишгоҳи асосии ВДНХ ҷойгир шудааст.

Дар фаввораи “Дӯстии халқҳо” муҷассамаи шонздаҳ духтари "Тиллоӣ" ҷойгир шудааст, ки рамзи 16 ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравиро инъикос мекунанд.

Ҳар яке аз ин духтарон, бо либосҳои миллӣ ва дар даст меваю растаниҳои гуногун тасвир ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0