Лукашенко дар Белорус ба номи Эмомалӣ Раҳмон ду боғ бунёд мекунад

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Беларуси Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Беларуси Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Белоус ду боғи мева бо номи Эмомалӣ Раҳмон бунёд карда мешавад

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ду боғи мева ба номи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилоятҳои Брест ва Гомели Белорус ташкил хоҳанд шуд, хабар медиҳад расонаҳои белорусӣ. 

Дар ин бора раисҷумҳури Белорус Александр Лукошенко зимни сафари расмии худ ба Тоҷикистон супориш додааст.

Шоколад Президент, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Лукашенко Раҳмонро бо шоколади "Президент" меҳмондорӣ кард

Александр Лукашенко ин масъаларо бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарашон ба корхонаи васлкунии техникаҳои кишоварзии Белорус дар ноҳияи Ҳисор баррасӣ кардааст.

Ба гуфти вай дар Тоҷикистон сардиҳои сахт мушоҳида мешавад, вале боғҳои мева сармо намехуранду хароб намешаванд.

"Ноход дар вилояти Гомел ва Брест мо натавонем меваҳое, ки дар Тоҷикистон меруяд, парвариш кунем. Ман фикр мекунам, ки мо метавонем ин корро анҷом диҳем", — таъкид кардааст раисҷумҳури Белорус. 

Ба ҳамин далел, раисҷумҳури Белорус супориш додааст дар ду вилоят боғҳои меваи Тоҷикистон эҳё шавад. 

Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисони тоҷик супориш додааст, ки ба ҳамтоёни худ аз Белорус кумак кунанд ва дар якҷоягӣ бо мутахассисони ин кишвар корҳои лозимаро барои шинондани ниҳолҳои кофӣ анҷом диҳанд.      

Дар ҳамин ҳол сафири Белорус дар Тоҷикистон Олег Иванов афзудааст, ки боғи дустии Белорус-Тоҷикистон  дар Тоҷикистон кошта мешавад. Барои он ҷой ва теъдоди ниҳолҳо муайян шудааст.

Лентаи хабарҳо
0