Ҳамоиш ба ҷонибдорӣ аз Вишинский дар Маскав зери шиори ҳақиқат хиёнат нест

© Sputnik / Евгений БиятовАкция в поддержку Кирилла Вышинского
Акция в поддержку Кирилла Вышинского - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беш аз 100 рӯзноманигор 12 октябр дар назди бинои хабаргузории байналмилалии “Россия сегодня” дар Маскав алайҳи боздошти рӯзноманигор Кирилл Вишинский дар Киев ҳамоиш ба хотири ҳамраъйӣ баргузор намуданд

ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Рӯзи ҷумъаи 12 октябр аз боздошти  роҳбари  “РИА Новости – Украина”, Кирилл Вишинский 150 рӯз сипарӣ шуд. Ӯ панҷ моҳ боз бо иттиҳоми хиёнат ба Ватан дар ҳабс қарор дорад.

Ситуация вокруг ареста Кирилла Вышинского в Киеве - Sputnik Тоҷикистон
Қазияи боздошти раҳбари "РИА Новости-Украина" Кирилл Вишинский. Навор

Ҳамкоронаш ба хотири ҳамраъйӣ, дар назди бинои ОИБ “Россия сегодня”,  дар хиёбони Зубовскийи Маскав, расми 5 метрии Вишинскийро бо хэштеги #ҳақиқат – хиёнат нест, #оё ин Аврупост#  - #TruthNotTreason,  #ЦеЕвропа# болои сар карда буданд.  Хештегҳо бо шиорҳо дар хатти сиёҳ, ки баёнгари адами озодӣ аст, сабт шуда буданд.

Ин як навъ ишора ба тафсири хоси арзишҳои аврупоӣ дар Украина буд, ки рӯзноманигориро барои баёни назарҳои нохушоянд ба ҳукуматдорон, ба хиёнат ба Ватан баробар кардаанд.

Дар идомаи ҳамоиш рахҳои сиёҳ нопадид гардида, акси Кирилл аз сафеду сиёҳ ба ранга мубаддал шуд ва зери кафкӯбии ҷамъомадагон пуфакҳои сафеди сершуморе ба ҳаво сар дода шуданд.

Бо ин амал ҷамъомадагон изҳори боварӣ намуданд, ки рӯзе ҳақиқат пирӯз мегардад ва пуч будани айби эълоншуда алайҳи Вишинский исбот шуда, ӯ озод мегардад.

“Кирилл маҳбуси виҷдон аст, ки барои фаъолиятҳои касбияш дар зиндон қарор дорад. Умедворам фишор болои ҳукуматдорони Киев афзоиш меёбад ва вазъе ба миён меояд, ки дигар нигоҳ доштани дӯсту ҳамкори мо дар боздоштгоҳ ғайриимкон хоҳад шуд”, - изҳор дошт мудири кулли ОИБ “Россия Сегодня”, Дмитрий Киселев.

Руководитель портала РИА Новости Украина Кирилл Вышинский во время рассмотрения апелляции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Путин бо Порошенко истирдоди рӯзноманигори Русияро баррасӣ кардааст

Ӯ бо зикри зарбулмасали англисӣ, ки сӯрохҳои хурд киштии бузургро ғарқ мекунанд, умед ба дастгирии ҷомеаи байналмилалии рӯзноманигорӣ кард.

“Як ҳамоиш албатта кофӣ нест, чунин ҳамоишҳо садҳо хоҳанд буд”, - изҳор дошт Киселев.

 “Ягон сабабе барои нигоҳ доштани Кирилл дар боздоштгоҳ, ҳатто барои як рӯз вуҷуд надорад. Ин 150 рӯзи шармсорист, албатта на барои Порошенко, Аврупо ва Амрико, балки барои ояндаи Украина мебошад”, - қайд кард сармуҳаррири ОИБ “Россия сегодня” ва шабакаи телевизионии  RT Маргарита Симонян.   

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Украина 15 май ба дафтари хабаргузории РИА Новости ворид шуда, раҳбари он, Вишинскийро боздошт карданд.

Мақомоти Украина  Вишинскийро дар хиёнат ба Ватан муттаҳам мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0