ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин хабар дод, ки бо раисҷумҳури Украина Пётр Порошенко масъалаи истирдоди боздоштшудагон ба Русия, аз ҷумла истирдоди рӯзноманигор Кирилл Вишинскийро баррасӣ кард.
"Мо дар бораи истирдоди боздоштшудагони ду кишвар ба давлатҳои ҳамдигар, ҳамчунин қисмати рӯзноманигори Русия Вишинскийро баррасӣ кардем. Ҳоло дар бораи ҳалли ин мушкилӣ чизе гуфтан барвақт аст. Ман мехоҳам аз пешбинӣ кардан, ин ҷо худдорӣ кунам, то тартиберо вайрон накунам ё ба ҳалли масъала халадор нашавам", — тавзеҳ дод Владимир Путин дар рафти нишасти матбуотии натиҷаи иҷлосияи сарони кишварҳои СҲШ дар Чин.
Путин иқдоми раисҷумҳури Украинаро дар баррасии ин масъала чун нишонаи ҷонибдории кишвар дар танзими вазъ дар Украина маънидод намуд.
Пештар раисҷумҳури Русия изҳори умедворӣ карда буд, ки Русия бо кӯмаки фишори созмонҳои байналмилалӣ ба Украина роҳбари РИА Новости Украина Кирилл Вишинскийро озод мекунад.