ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Яке аз мақомсарои машҳури Тоҷикистон, ки ахиран дар ҳайати мақомсароёни тоҷик сазовори Шоҳҷоиза дар Шаҳрисабзи Узбакистон гашта буд, ба Маскав омад ва дар рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар пойтахти Русия ҳунарнамоӣ кард.
Дар ҳайати ҳунармандоне, ки ба Русия омаданд Хуршед Иброҳимзода, узви ансамбли давлатии Шашмақом ва ҳамзамон омӯзгори консерватория миллии Тоҷикистон низ ҳузур дошт.
Вай пас аз баромадаш дар саҳнаи нави Театри калони давлатии академии Русия, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз пазироии хуби сокинону меҳмонони шаҳри Маскав гуфт изҳори хушнуди кард.
“Мо бо як эҳсосоти самимӣ дар ин толор ҳунарнамоӣ кардем. Меҳмононе, ки дар толор ҳузур доштанд моро бисёр хуб пазироӣ карданд. Ман ифтихор дорам, ки ҳунармандони Тоҷикистон, дар ҳамин хел консертҳову барномаҳои фарҳангӣ ҳунару истеъдоди худро назди як миллати дигар нишон медиҳанд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз санъати тоҷик дар ҳоли рушд қарор дорад ва ҳунару истеъдоди худро ба дигарон нишон медиҳад”, - таъкид кард Иброҳимзода.
Лозим ба ёдоварист, ки Хуршед Иброҳимзода ахиран дар ҳайати Тоҷикистон дар аввалин форуми байналмилалии санъати мақом дар Шаҳрисабзи Узбакистон ширкат кард.
Дар шаҳри Шаҳрисабзи Узбакистон нахустин Ҳамоиши байналмилалии санъати мақом баргузор гардид, ки дар он ҳайати мақомсароёни тоҷик сазовори мукофоти асосӣ — Шоҳҷоиза шуданд.
Хуршед Иброҳимзода гуфт, ки ҳайати мақомсароёни кишвар дар Шаҳрисабз, истеъдод ва маҳорати мақомнавозӣ ва мақомсароии хуб нишон дода, иштирокчиён ва доварони ин ҳамоишро мафтун намудаанд.
“Пазироии Узбакистон бисёр олӣ буд. Дар тӯли ним соате, ки мо дар он ҳамоиш шашмақомхонӣ кардем аз тарафи ҳакамону тамошобинон бисёр хуш пазируфта шуд. Ҳамон қабули мухлисон ба мо боз як илҳоми тоза бахшид ва мо тавонистем ҳунару истеъдоди худро нишон диҳем”,- афзуд вай.
Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Шаҳрисабзи Узбакистон ду асари классикӣ асарҳои “Наврӯзи Аҷам” (шеъри Рӯдакӣ), “Савти панҷум”-и Содирхони Ҳофиз ва ду асари нав, ки маҳсули эҷоди мақомсароёни Академияи Шашмақом мебошанд — “Қашқарчаи савти ушшоқ”- Хуршеди Иброҳим ва “Силсилаи шикастаи нав”- и Тоҳирҷон Ҷӯраевро иҷро намуданд.
Хуршед Иброҳимзода аз сазовори шоҳҷоиза шудани мақомсароёни тоҷик дар Узбакистон ифтихор дорад.
“Ин барои мо боиси ифтихор аст, ки дар байни 73 давлати дунё сазовори Шоҳҷоиза шудем. Мусиқии суннатии тоҷик – Шашмақоми тоҷик тӯли қарнҳои зиёд тавасути устоду шогирд мерасад ва ин анъана ба мо низ омада расидааст. Мо вазифадор ҳастем, ки дар оянда ин ҳунарро рушд диҳем ва Шашмақомро то қуллаҳои баланд расонем.”
Вай инчунин таъкид намуд, ки ҳунармандони Тоҷикистону Узбакистон бо ҳам дӯсту бародар ҳастанд ва дар якҷоягӣ дар кишварҳои худ мусиқии суннатиро пеш мебаранд.
Ёдрас мешавем, ки 11 ноябри соли 2003 “Шашмақом”-мусиқии қадими классикии тоҷикӣ аз чониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси ғайримоддии башарият эътироф карда шуд. Ҳамасола дар Тоҷикистон 12 май ҳамчун Рӯзи «Шашмақом» ҷашн гирифта мешавад.