ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Бино ба иттилои хабаргузории “Ховар” ҳадаф аз баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия таҳкими бештари робитаҳои фарҳангии ду кишвар ва муаррифии санъату ҳунари халқи тоҷик ба мардуми рус мебошад.
Ҳайати расмӣ бо роҳбарии муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Ибодулло Машраб сафар мекунад.
Ба ҳайати эҷодӣ, ҳунарпешаҳои шинохтаи Тоҷикистон Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Шарофат Усмонова, Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Хуршед Иброҳимзода, Зафар Абдуалимов, Манучеҳр Раҳмонов, Соҳибназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Александр Тагиров, инчунин Ансамбли давлатии рақсии хизматнишондодаи ба номи Ғаффор Валаматзода «Лола» ва Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон "Парасту" шомиланд.
Дар доираи рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузории барномаҳои консертии устодони санъат ва ҷавонони болаёқат, намоиши мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон, намоиши аккосии "Тоҷикистони муосир", намоиши китобҳои тозанашр ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва муаррифии асарҳои як зумра адибони тоҷик ба забони русӣ дар назар аст.
Дар маросими ифтитоҳи, ки 7 октябр дар саҳнаи нави Театри калони академии Русия дар шаҳри Москва ва 8 октябр дар толори Театри калони драмавии ба номи Г.А. Товстоногови шаҳри Санкт-Петербург оғоз мегардад, барномахои консертӣ баргузор мешавад. Қабл аз барномаи консертӣ дар шаҳри Москва намоиши асарҳои санъати тасвирӣ ва аккосӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин намоиши аксҳо ва китобҳои тозанашр дар Китобхонаи давлатии Русия ва нишасти матбуотӣ ба шарафи рӯзҳо дар Театри калони академии Русия дар назар дошта шудааст.