ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон, Мирзиёев зимни суханронияш дар ҷашнвора, аз ҷумла Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистонро ном бурда, барои иштирок дар ин ҷашнвора изҳори сипос кардааст.
Ӯ аз таърихи 2700 — солаи Шаҳрисабз зикр карда, афзудааст, ки дар фазои шаҳр имрӯз навои шашмақом ҳукмфармост, ки бо фалсафаи чуқуру навои дилрабояш ҷузъи фарҳанги бисёри халқҳо мебошад.
"Воқеан мақом, ганҷинаи бебаҳои маънавист, ки тайи садсолаҳо эҳсоси баланд, умеду орзу ва нияту талошҳои неки инсонро инъикос мекунад. Мо ифтихор дорем, ки халқи узбек низ дар рушди ин санъати воло саҳми босазо гузоштааст", — изҳор дошт Мирзиёев.
Ӯ афзуд, ки Узбекистон дар чорсӯи роҳи Абрешим қарор дошта, яке аз гаҳвораҳои тамаддун ва фарҳанги Шарқ мебошад.
"Асбоби мусиқие, ки дар деҳаи Муъминободи Самарқанд пайдо гардиду се ҳазор сол дорад, далели ин гуфтаҳост. Чунин мисолҳо зиёданд", — таъкид намудааст раисиҷумҳури Узбакистон.
Ӯ таъкид намудааст, ки "Шашмақом" самараи нобиғагии мардуми мо дар бахши мусиқӣ буда, монанди шаш дарёи сероб мебошад.
"Бешубҳа, бидуни дарки чуқури мақом, фаҳмидани моҳияти аслии санъат мушкил аст. Бояд ба мақом таваҷҷуҳи бештар диҳему ҳамаи талошҳоро кунем, то навои мақом, руҳия ва фалсафааш дар шууру қалби ҳамасрони мо, махсусан насли ҷавон ҷойи устувор пайдо кунад", — афзудааст раисиҷумҳури Узбакистон.
Ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки таҷлили чунин ҷашнвораҳо боиси рушди санъати мақом дар бисёри кишварҳо мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон, қарори Шавкат Мирзиёев дар бораи ҷашнвораи байналмилалии мақом, барои таблиғи санъати мардумӣ ва афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонон ба он қабул шуда, ҷашнвора як бор дар ду сол баргузор мегардад. Дар ҷашнвораи мақом дар Шаҳрисабз беш аз 300 намоянда аз 73 кишвари ҷаҳон ҷамъ омадаанд.