Шаҳрвандони Русия барои ғайриқонунӣ ворид намудани 500 муҳоҷир муҷозот мешаванд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи в зале суда
Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони Маскав ва вилояти Приморе соли 2016 барои ғайриқонунӣ гузаронидани шаҳрвандони хориҷӣ аз марзи Русия гуруҳи ҷиноӣ ташкил доданд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Панҷ шаҳрванди Русия барои ғйриқонунӣ ворид намудани 500 шаҳрванди хориҷӣ аз марзи ин кишвар муҷозот хоҳад шуд, иттилоъ додааст додситони вилояти Приморе.

Усиление мер безопасности в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Сабти номи 35 муҳоҷир дар як хона: сокини Маскав муҷозот шуд

“Нисбати панҷ нафари гуруҳи ҷиноии байниминтақавӣ,  ки барои содир намудни ҷиноят мутобиқи моддаи 322.1, қисми 2, банди “а”-и КҶ Русия парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ба додгоҳ равон карда шудааст ”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Мақомоти тафтишоти хабар додааст, ки сокини вилояти Приморе соли 2016 барои ғайриқонунӣ ворид намудани шаҳрвандони хоириҷӣ ба Русия гурӯҳи ҷиноӣ ташкил намуданд, ки дар он ду сокини Владивосток ва як сокини вилояти Хабаровск низ шомил будааст.

Аъзоёни ин гурӯҳ 14 сохтори тиҷоратиро назорат карда, аз номи роҳбарони ин ширкатҳо барои гирифтани равовдидҳои корию тиҷоратӣ дар Русия ҳуҷҷату санадҳо тартиб медоданд, хабар додааст манбаъ.

Полиция производит проверку, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сад муҳоҷир дар вилояти Маскав боздошт шуданд

“Дар натиҷаи фаъолияти ин гурӯҳ наздик ба 500 шаҳрванди хориҷӣ ба Русия ворид шуд (аксари шаҳрвандоне, ки ба Русия ворид шуданд шаҳрвандони ЧИН, Ветнам ва дигар кишварҳои Осиё мебошанд), - таъкид кардааст додситон.

Аксари муҳоҷирон ба Русия ба хотири кор ворид шудаанд. Ҷинояти мазкур аз тарафи кормандони Идораи ФСБ-и Русия дар вилояти Приморе ошкор шудааст.

Дар рафти тафтишот якчанд шаҳрванди хориҷӣ ба кишварҳои худ баргаштанд. Аммо қисми дигари шаҳрвандоне, ки ба Русия ба таври ғайриконунӣ ворид шуданд аз Русия хориҷ хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0