Сад муҳоҷир дар вилояти Маскав боздошт шуданд

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкПолиция производит проверку, архивное фото
Полиция производит проверку, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия кор ва фаъолият мекунанд дар бинои пешини маркази саломатие зиндагонӣ мекардаанд

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Кормандони Раёсати Вазорати умури дохилаи Русия  дар ноҳияи Дмитровскии вилояти Маскав дар деҳаи Удино надзики сад муҳоҷири ғайриқонуниро боздошт кардаанд. Дар ин бора ожонсии итттилоотии "Москва" хабар медиҳад.

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бе ҳуҷҷат кор мекарданд, дар бинои пешини маркази саломатӣ зиндагӣ мекардаанд.

"Ҳамагӣ 95 муҳоҷир барои будуши ғайриқонунӣ дар Русия ва барои фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ ба ҷовобгарии маъмурӣ кашида шуданд",- гуфтааст роҳбари хадамоти иттилооти Сарраёсати ВУД Русия дар вилояти Маскав Татяна Петрова.

Тавре вай қайд мекунад, ҳар як муҳоҷир аз 2 ҳазор рубл то 5 ҳазор рублӣ ҷарима шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0