Сабти номи 35 муҳоҷир дар як хона: сокини Маскав муҷозот шуд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкУсиление мер безопасности в Москве
Усиление мер безопасности в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар яке аз манзилҳои шаҳри Маскав ба таври ғайриқонунӣ 35 муҳоҷири меҳнатӣ сабтином шудааст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Сокини ноҳияи Кунтсевои шаҳри Маскав дар манзилаш ба таври ғайриқонунӣ 35 муҳоҷир аз Тоҷикистон, Узбакистон, Озарбойҷон ва Укроинро сабти ном кардааст, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти додситонии шаҳри Маскав.

"Мард барои сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ, ба ШВУД ҳуҷҷатҳои нодуруст пешниҳод кардааст", — таъкид кард манбаъ.

Манбаъ таъкид кардааст, ки шахсони хориҷӣ дар ҷойи сабти номашон зиндагӣ намекарданд ва ба ҳамин далел макоми буду боши онҳо барои мақомоти назоратӣ муайян набудааст.   

Нисбати соҳиби хона парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ёдрас мешавем, ки нисбати сокини Екатеренбург, ки дар хонаи худ беш аз 9 ҳазор шаҳрвандони хориҷиро сабти ном карда буд, парвандаи ҷиноӣ низ боз шуда буд.

Инчунин дар шаҳри Тюмени Русия як хонаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштае ошкор шуд, ки дар он беш аз 280 нафар муҳоҷири меҳнатӣ сабти ном шудааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия  тавзеҳ дод, ки нисбати ҳолатҳои ошкор шуда парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айбдоршудагон ҷарима ва то се сол зиндонӣ хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0