Раҳмон Пашинянро бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и премьер-министр Армении Никол Пашинян
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и премьер-министр Армении Никол Пашинян - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарони Тоҷикистону Арманистон, ба масоили муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир таваҷҷӯҳи хос зоҳир карданд

ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон мулоқот кард.

Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири Арманистонро, ки бори аввал ба Тоҷикистон омадааст, хайрамақдам гуфтанд.

Мулоқоти Раҳмон ва Назарбоев дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти самимии Раҳмон ва Назарбоев дар Бӯстонсарои Ҳукумат

Манбаъ хабар додааст, ки зимни тарафҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, мошинсозӣ, саноати куҳию нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, воридоти технологияи муосир дар саноати сабук, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди сангҳои қимматбаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, технологияҳои телекоммуникатсионӣ, пешниҳоди хизматрасонии молиявию бонкӣ, идораи бахши энергетикаро, баррасӣ намуданд.

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки зимни мулоқот ҳамчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои робитаҳои гуманитарӣ, фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ баррасӣ шуд.

дар поёни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ба Никол Пашинян пешниҳод намуд, ки дар вақти барояш мусоид ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биоранд.

Лентаи хабарҳо
0