Мулоқоти самимии Раҳмон ва Назарбоев дар Бӯстонсарои Ҳукумат

© Дафтари матбуотии раисҷумҳурМулоқоти Раҳмон ва Назарбоев дар Душанбе
Мулоқоти Раҳмон ва Назарбоев дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Қазоқистон рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи ҷалби сармоя, истифодаи босамараи захираҳои обӣ, таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ташкили квотаҳоро барои донишҷӯёни ду кишвар самтҳои афзалиятноки муносибатҳо арзёбӣ карданд

ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Имрӯз, 27 сентябр дар Бӯстонсаройи Ҳукумат раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар меиҳад.

"Эмомалӣ Раҳмон Нурсултон Назарбоевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки Қазоқистон имрӯз яке аз шарикони асосии Тоҷикистон мебошад ва мо барои идомаи муколамаи созандаи шарикии стратегӣ манфиатдорем", - менависад манбаъ.

Қазоқистон дар байни шарикони тиҷоратӣ аз руи ҳаҷми гардиши мол ба ҷойи дуюм баромадаст.

Раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Қазоқистон рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи ҷалби сармоя, истифодаи босамараи захираҳои обӣ, таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ташкили квотаҳоро барои донишҷӯёни ду кишвар самтҳои афзалиятноки муносибатҳо арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирӣ ва муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо, аз қабили мубориза бо терроризм, экстремизм, радикализми динию сиёсӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории трансмиллии муташаккилро муҳокима карданд.

Ёдрас мешавем, фардо, 28 сентябр дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои ҳамсуд баргузор мешавад. Шоми имрӯз дар Душанбе зиёфати ғайрирасмии сарони кишварҳо баргузор хоҳад шуд, ки дар он раисҷумҳури Русия Владимир Путин низ ширкат хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0