Путин: муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба сатҳи нав расиданд

© Фото : Пресс-служба президента РТПрезидент России Владимир Путин и глава Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент России Владимир Путин и глава Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар 20 сол муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба сатҳи иттифоқӣ ва ҳамкориҳои стратегӣ расиданд, қайд кард раисҷумҳури Русия Владимир Путин

ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба ташкилкунандагон ва меҳмонони намоишгоҳи торихиву ҳуҷҷатии "Русия Тоҷикистон: дар роҳи дӯстӣ ва созандагӣ" барқияи шодбошӣ ирсол кард.

"Чунин намоишгоҳи бузург бахшида ба санаи муҳим - 25-солагии Созишномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва  кӯмаки мутақобила, ки ба имзо расидани он ба Тоҷикистон ва Русия имкон дод, муносибатҳои байнидавлатиашонро густариши қобили таваҷҷӯҳ бахшанд, баргузор мешавад", - тавзеҳ медиҳад Путин.

Президент РФ Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафари Путин ба Тоҷикистон ва иштирокаш дар зиёфати ғайрирасмӣ

Ба гуфтаи вай, муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба сатҳи тозаи робитаҳои байнадавлатӣ расидаанд.

"Дар 25 сол муносибатҳои Маскав ва Душанбе ба марҳилаи иттиҳодӣ ва ҳамкориҳои стратегӣ расиданд. Байни кишварҳо муколамаи дуҷонибаи сиёсии пурмӯҳтаво ва ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, илмиву техникӣ ва ҳарбӣ танзим шудааст. Иртиботҳои чандваҷҳии байниминтақавӣ, мубодилаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маориф рушд мекунанд", - таъкид доштааст вай.

Раисҷумҳур ҳамчунин ба натиҷабахшии талошҳои ҳарду ҷониб дар умури минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар ҳошияи ИДМ, СҲШ, СПАД аҳамияти хос дод.

"Боварӣ дорам, ки намоишгоҳ рухдоди муҳим дар ҳаёти фарҳангиву иҷтимоии ҳарду кишвар хоҳад гашт", - афзуд Путин.

Лаборатория инновационных медицинских технологий в Долгопрудном - Sputnik Тоҷикистон
Русия ба Тоҷикистон дар мубориза бо сурхакон ёрӣ мерасонад

Намоишгоҳи "Русия ва Тоҷикистон дар роҳи дӯстӣ ва созандагӣ" ба торихи муносибатҳои байни ин кишварҳо ва халқҳо бахшида шудааст.

Муносибатҳои дипломатии Русия ва Тоҷикистон 8 апрели соли 1992 барқарор гардидааст.

Ҳуҷҷати асосии қонуниву қарордодии Тоҷикистону Русия Созишномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва  кӯмаки мутақобила мебошад, ки соли 1993 ба имзо расидааст.

Русия ва Тоҷикистон ҳамкорони стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ иртиботҳои наздик доранд.

Лентаи хабарҳо
0