Сафари Путин ба Тоҷикистон ва иштирокаш дар зиёфати ғайрирасмӣ

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин, архивное фото
Президент РФ Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фардо, 27 сентябр раисҷумҳури Русия Владимир Путин аллакай дар Душанбе дар зиёфати ғайрирасмӣ ширкат мекунад

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Раисҷумҳури Русия барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ ба Душанбе меравад. Сипас президент ба Боку рафта, бо раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот мекунад. Дар ин бора сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков хабар додааст.

"Чанд ҷаласаи корӣ  ва омодагиҳо ба нишасти сарони ИДМ ба нақша гирифта шудааст. Фардо бегоҳ раисҷумҳур аллакай дар Душанбе мешавад ва дар зиёфати ғайрирасмӣ ширкат мекунад. Пасфардо тамоми чорабиниҳои расмии нишаст баргузор мешаванд", - гуфт Песков.

Дар рафти нишасти Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе интизор меравад, ки намояндагии Туркманистонро дар кишварҳои ҳамсуд дар соли 2019 баррасӣ кунанд, хабар додааст дафтари матбуотии Кремл.

"Интизор меравад, ки дар ҳошияи нишаст  дар бораи намояндагии Туркманистон дар ИДМ дар соли 2019 қарор қабул карда шавад", - омадааст дар иттилоия.

Бино бар изҳороти расмии Кумитаи иҷроияи кишварҳои ҳамсуд, иштирокдорони нишасти сарони кишварҳои ИДМ масоили ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуманитариву фарҳангӣ ва масоили амниятиро баррасӣ мекунанд.

Афзун бар ин, сарони кишварҳо масоили якпорчасозӣ дар ҳошияи ташкилотро баррасӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0