Русия ба Тоҷикистон дар мубориза бо сурхакон ёрӣ мерасонад

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкЛаборатория инновационных медицинских технологий в Долгопрудном
Лаборатория инновационных медицинских технологий в Долгопрудном - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Русия тасмим гирифтааст беш аз 270 миллион рублро ба ташаббуси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои мубориза бо сурхакон равона намояд

БИШКЕК, 16 сен — Sputnik. Ҳукумати Русия барои иштирок дар ташаббуси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Созмони беҳдошту беҳзистии Русия (Роспотребнадзор) барои мубориза бо сурхакон 270 миллион рубл ҷудо намудааст, иттилоъ додааст сомонаи расмии ҳукумати Русия.

"Доир ба масъалаи мазкур лоиҳаи қарори ҳукумати Русия қабул шудааст", — гуфтааст манбаъ.

Тибқи қарори мазкур дар соли 2018-2020 ба Созмони беҳдошту беҳзистии Русия (Роспотребнадзор) 270,44 миллион рубл ҷудо карда мешавад.

Таъкид шудааст, ки маблағҳо барои дастгирии бархе аз кишварҳои минтақаи Аврупоии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт — Озарбойҷон, Қирғизистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Сербия, Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон ва Муғулистон ҷудо шудааст.

Лентаи хабарҳо
0