Норозигии раисиҷумҳур аз иҷро нашудани супоришҳо: ба раисони ВМКБ то охири сол муҳлат дод

© Пресс-служба президента РТПредседатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото
Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон вазъи истеҳсолот дар ноҳияи Дарвозро баррасӣ карда, таъкид намудааст, ки бархе аз супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додааш то ҳол иҷро нашудаанд

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Дарвоз гуфт, супоришҳои қаблияш дар мавриди ташкили корхонаи коркарди пӯсту мӯина ва мағозаи маҳсулоти тайёр иҷро нашудааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати раисҷумҳур дар Ванҷ: аз ифротгароии сокинон то низоъ дар интернету хоҷаҳои хориҷӣ

"Гарчанде ҳангоми сафарҳои қаблӣ ба ноҳия ҷиҳати таъсис додани корхонаи хурди коркарди пӯсту мӯина ва ташкили мағозаҳои фурӯши маҳсулоти тайёр дар ноҳия ва шаҳри Душанбе супоришҳои мушаххас дода будам, вале тибқи маълумот иҷрои онҳо таъмин нашудааст", — изҳор доштааст раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати ВМКБ,  ноҳияи Дарвоз ва дигар сохтору мақомоти дахлдор то охири соли ҷорӣ муҳлат додааст, ки иҷрои супоришҳои додашудаашро таъмин намуда,  ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар гузориши муфассал пешниҳод намоянд.

Лоиҳаи ҳаммоми пешниҳодкардаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳур дар бораи навсозии деҳот ва роҳи Дарвоз - Ванҷ: 2 миллиард лозим

Раисиҷумҳури Тоҷикистон баробари дастовардҳои Дарвоз дар бахшҳои гуногун инчунин зикр кардааст, ки аз 5 корхонаи саноатӣ ду ададашон аз фаъолият бозмондаанд.

"Тибқи маълумот соли 2017 дар корхонаҳои саноатии ноҳия дар ҳаҷми 56 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2016-ум қариб се баробар зиёд мебошад. Вале дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ назар ба ҳамин давраи соли 2017 7 фоиз коҳиш ёфтааст", — изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро муваззаф кардааст, ки барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангу масъулияти соҳибкорон, зиёд намудани ҳаҷми пешниҳоди қарз ва дастрасӣ ба он чораҳои зарурӣ андешанд.

Лентаи хабарҳо
0