ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Ванҷ аз ободкориҳо дар ноҳия суҳбат карда, иттилоъ дод, ки то таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар қаламрави ноҳия бунёди даҳҳо иншооту биноҳои нав дар назар аст.
"Аз ҷумла сохтмони кӯдакистони замонавӣ дар маркази ноҳия, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ бо утоқи алоҳида барои гузаронидани хатна, ҳаммому кошонаи ҳусн, меҳмонхонаву сартарошхона ва дигар корҳои ободонӣ дар ҳамаи деҳаҳо пешбинӣ шудааст", — изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ афзудааст, ки инчунин бо ташаббуси соҳибкорону сокинони бонангу номуси ноҳия сохтмони даҳҳо иншооти таъиноти иҷтимоиву хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо амалӣ гардидани онҳо барои аҳолӣ садҳо ҷойи нави кор таъсис дода мешаванд.
Раисиҷумҳур масъулинро муваззаф кардааст, ки дар бунёди иншооти нав аз усулҳои пешқадами меъмории муосир, пеш аз ҳама, унсурҳои меъмории миллӣ истифода намоянд.
"Корро тавре ташкил бояд кард, ки иншооту биноҳои бунёдшаванда ба мардум даҳҳо ва садҳо сол хизмат кунанд", — гуфтааст ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додааст, ки таҳияи лоиҳа барои таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб — Ванҷ ба масофаи зиёда аз 92 километр бо харҷи беш аз 2 миллиард сомонӣ идома дорад.
"Ҳоло корҳои лоиҳакашиву омодагӣ ба таҷдиду азнавсозии роҳи Шкев-Қалъаихумб ба масофаи зиёда аз 26 километр ва арзиши лоиҳавии беш аз 460 миллион сомонӣ дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор доранд ва мо ният дорем, ки онро то охири сол оғоз намоем", — изҳор доштааст раисиҷумҳур.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон аз меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи ноҳияи Ванҷ ва талаботи зиёд ба он дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ зикр карда, таъкид намудааст, ки майдони боғҳо бояд васеъ карда шаванд.