ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Кумитаи андози Тоҷикистон барои қабули кормандон ба дастгоҳи марказӣ ва намояндагиҳояш дар Душанбе, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Роғун, Файзобод, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Рашт, Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим, Рӯшон, Хоруғ ва Мурғоб озмун эълон кардааст.
"Озмун соати 8:00 рӯзи 20-уми сентябр баргузор мегардад. Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 17 сентябр дар бинои Кумитаи андоз, шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев 42/2 қабул карда мешаванд", — омадааст дар иттилоия.
Дар феҳрасти ҷойҳои холӣ, ки Кумитаи андози Тоҷикистон нашр кардааст, маоши кормандони сатҳи гуногуни ин ниҳодро низ пешниҳод кардааст.
Аз ҷумла ба иттилои Кумита, сардори раёсати андоз аз 1800 то 1983 сомонӣ, муовини сардори раёсат аз 1475 то 1630 сомонӣ, сардори нозироти андоз дар ноҳияҳо — 1095 сомонӣ, сардори нозироти андоз дар шаҳрҳо — 1151 сомонӣ, сардори нозироти андозсупорандагони калону миёна — 1889 сомонӣ маош мегиранд.
Манбаъ афзуд, ки мутахассис аз 546 то 665 сомонӣ, мутахассиси пешбар аз 665 то 806 сомонӣ ва сармутахассис аз 811 то 988 сомонӣ маош мегирад.