ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон паёми Умарҷон ном ҷавонеро мунташир кард, ки аз Шӯрои уламо дар масъалаи талоқ маслиҳат пурсидааст.
Умарҷон дар мактубаш менависад, ки ҳамсарашро бо далели сӯҳбат бо марди бегона тариқи телефон талоқ дод, аммо онҳо се фарзанд доранду ба хотири кӯдакон мехоҳад оилаашро барқарор кунад.
"Ҳамсари ман як бор бо тариқи телефон бо як писар гап мезад, ўро қапидам ва аз гунохаш гузаштам. Бо вуҷуди ин баъди чанд сол боз корашро кард. Тариқи телефон бо дигар писар гап задашро қапидам ва дар сари қахр "ҳазору як талоқ" гуфтам. Ман соҳиби се фарзандам, ғами ҳамин фарзандҳоямро мехўрам. Ягон ривоят бошад, ки аз сар никоҳ карда зиндагӣ кунам?", — мепурсад вай.
Коршиносони Маркази исломӣ дар посух ба Умарҷон гуфтаанд, ки барои додани фатво ё ҳукме аз вай тафсилоти бештар хоҳиш карда мешавад. Онҳо гуфтаанд, ки ҷавон бо тафсилоти бешар ба Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон муроҷиат кунад.
"Бародари азиз, масъалаи шумо тафсил мехоҳад, аз ин рў, барои ҳаллу фасли он ба Раёсати фатво муроҷиат кунед, пас аз шунидани тафсилоти он иншоаллоҳ посух хоҳед гирифт", — омадааст дар посухи идора.
Ин дар ҳолест, ки коршиносон аз истифодаи нодурусти телефон ва интернет аз ҷонибе бархе аз шаҳрвандони кишвар бонги хатар мезананд.
Тавре мутахассисони омори Тоҷикистон хабар доданд, дар соли 2017 назар ба се соли пеш раванди талоқ миёни хонаводаҳои ҷавон афзоиш ёфта, 19 дар садро ташкил додааст.
Ба гуфтаи равоншиносон, муҳоҷират, нобоварӣ ва вазъи иҷтимоӣ яке аз далелҳои асосии бисёр шудани ҳолатҳои хонавайронӣ аст.
Ҳукумати Покистон аз аввалинҳо шуда, талоқи телефониро дар кишвар мамнӯъ кард. Яъне мардҳо наметавонанд тариқи телефон ба хонумҳояшон талоқ диҳанд.