Равоншинос: чаро бонувони зебо ва муваффақу мустақилро ба занӣ намегиранд?

© © FB / Елена Бычева Психолог Елена Бычева
Психолог Елена Бычева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тамоюли танҳо мондани занони зебо ва муваффақу мустақил густарда шудааст

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Равоншиносон мегӯянд, дар ҳолатҳои зиёд занони зебо, муваффақ ва мустақил ҳаёти шахсии хуб надоранду аксаран танҳо мебошанд. Агар қаблан занон барои таъмини ояндаашон талош мекарданд, ҳар чӣ зудтар шавҳар кунанд, дар замони муосир бисёриҳо аввал мехоҳанд маълумот гиранду соҳиби кор шаванд.

Равоншинос Елена Бичева мегӯяд, занони зебою муваффақ аксаран худро ба ҳадде мустақилу бениёз вонамуд мекунанд, ки мардонро метарсонанд.

Ӯ афзуд, ки танҳо зистан барои бархе аз занон роҳаттар аст, чун ҳар корро мувофиқи хоҳиши худ анҷом медиҳанд.

Ситора Содаткадамова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ситора Содатқадамова: дар Тоҷикистон ҳамсолони маро пирдухтар мешуморанд

"Зиндагӣ бо ҳамсар водор мекунад, ки на танҳо хоҳиши худ балки хостаҳои ӯро низ ба инобат гирию амалӣ кунӣ. Ин осон нест", — гуфт равоншинос.

Далели дигари танҳо мондани занони муваффақро Бичева дар он гуфт, ки ин гуна бонувон худро баъзан ба ҳадде "идеалӣ" вонамуд мекунанд, ки боиси тарси мардон аз ҳамзистию ташкили ҷуфт бо онҳо мешавад.

Суҳбати равоншинос дар ҳолест, ки масъалаи мазкур дар ҷомеаи Тоҷикистон низ мубрам арзёбӣ мешавад.

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, аксаран мардон аз издивоҷ бо занони соҳиби маълумоту ҷои кор худдорӣ мекунанд ва ин тарзи тафаккур боиси афзоиши никоҳи бармаҳал дар кишвар шуда буд.  

Аммо Лола Олимова, таҳлилгари тоҷик, қаблан зимни баррасии ин мавзуъ  гуфта буд, ки вақтҳои охир вазъ каме тағйир ёфтааст.

"Азҳампошии хонаводаҳо хеле зиёд шуд ва бисёри духтароне, ки дар 17-18-солагӣ шавҳар мекунанд, дар синни 20-23-солагӣ бо фарзандонашон танҳо мемонанд. Мардум дарк карда истодааст, ки қабл аз издивоҷ бояд духтаронро соҳиби маълумоту касб кунанд", — гуфт Олимова.

Лентаи хабарҳо
0