ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik, Марина Чернышова-Мельник. Ситора Содатқадамова, донишҷӯи донишгоҳе дар Олмон, бар ин аст, ки ҷавонони Тоҷикистон бояд ҷаҳонбинии худро васеъ кунанду ва ба тарзи кӯҳна зиндагӣ ба сар набаранд.
Оё мешавад, ки як инсон кору кӯшиш, гардишгарӣ, омӯзиши забонҳо ва дӯстдории Меҳанро дар худ бигунҷонад. Ситора ин ҳама корҳоро ҳанӯз дар даврони наврасӣ анҷом додааст: ӯ забони Гётеро ҳанӯз дар овони мактабиаш дӯст дошт.
Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Ситора дар бораи зиндагии донишҷӯён дар Олмон ва муҳаббат ба таҳсил нақл кард.
Ситора кист?
Ситора зодаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Падару модараш дар Помир ошно шудаву сипас ба пойтахт кӯчидаанд. Ситора аз кӯдакиву наврасиаш хотираҳои хубе дорад.
"Ҳамааш аз баракати хонавода, дӯстон ва шахсони хубе, ки маро иҳота мекарданд, ба даст омадааст. Волидонам ҳамеша завқи маро ба таҳсил дастгирӣ мекарданду ва мекӯшиданд, ки ман кӯдаки фаъол шавам. Қариб ҳар тобистон маро ба хонаи бибиву бобоям мефиристоданд", — ба ёд меорад Ситора.
Вақте замони интихоби касб расид, Ситора риштаи забоншиносиро пеша кард. Ӯ ба Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон дохил шуду дар тули чаҳор сол забонҳои русӣ, инглисӣ ва олмонироо хуб аз худ кард. Дар давоми таҳсил дар донишгоҳ Ситора дарк кард, ки мехоҳад касби худро иваз кунад. Пас аз маслиҳати ошнояш Ситора дар бахши магистратура риштаи "Фарҳанг ва гардишгарӣ"-ро интихоб кард.
Забони олмонӣ чун забони модарӣ
Ситора ҳанӯз дар даврони мактабхонӣ бо дунёи ғании забони олмонӣ ошно шуд. Он яке аз машҳуртарин забонҳо дар ҷаҳон аст ва забони модарии аксари шаҳрвандони Олмон, Австрия, Швейсария ва Лихтенштейн аст.
Вале дар аввал Ситора ба ин забон таваҷҷуҳ надошт.
"Дар хонаводаи мо ҳама забони инглисӣ меомӯзанд. Хонавода, дӯстон ва омӯзгоронам маро бовар мекунониданд, ки беҳуда вақтамро барои омӯзиши забони олмонӣ сарф накунам, чун дар оянда аз он истифода нахоҳам кард. Ин суханон бар ман таъсир карданду ман ин забонро написандидам. Ва муҳимаш ин ки ман то он замон имконоти ғании ин забонро намедонистам. Вале зиндагӣ нишон дод, ки набояд ба гапи дигарон гӯш кард. Чун ҳамин забони олмонӣ буд, ки дари кишварҳои хориҷро ба рӯям боз кард", — мегӯяд Ситора.
Ҳамин тавр Ситора ба омӯзиши забони олмонӣ пардохт, вале шавқу ҳавасе ба он надошт. Таваҷҷуҳаш ба ин забон замоне дучанд шуд, ки аз Олмон ба мактаби онҳо омӯзгорон ва толибилмон омаданд. Ҳамсолони олмониашон дарсҳои интерактивӣ ташкил мекунанду дар бораи фарҳанги худ нақл мекарданд. Ситора дар ин дарсҳо фаъолона ширкат мекарду бо меҳмонон ба забони олмонӣ суҳбат менамуд. Ҳамроҳ бо овозхонони рок-гурӯҳ, ки бо омӯзгорони олмонӣ омада буданд, Ситора шеърҳо эҷод мекарду дар як саҳна овозхонӣ менамуд.
"Ҳамон лаҳза таваҷҷӯҳи ман ба забони олмонӣ дучанд шуд. Албатта ман ин забонро дӯст медошам дар умқи дилам ва барои буруни шудани ин таваҷҷӯҳам замони мувофиқ лозим буд, ки омад. Чунки пештар ман намедонистам, ки мехоҳам ба Олмон раваму таҳсил карда аз манзараҳои зебои ин кишвар баҳра барам. Ба ман фарҳанги мардуми Олмон, тарзи зист ва ақидаронии онҳо писанд аст. Олмониҳо бароям мисоли одамеро, ки ман мехостам бошам нишон доданд, —ба ёд меорад Ситора.
Ҳамин тавр дар синни 15-солагӣ Ситора ба омӯзиши забони олмонӣ оғоз карду пас аз як сол дар омзуне ширкат карда барандаи сафар ба Олмон шуд. Ӯ ва духтараке за шаҳри Хуҷанд тариқи барномаи Pädagogischer Austauschdienst ("Служба педагогических обменов" — ред.) пас аз супоридани имтиҳон дар сафорати Олмон дар Тоҷикистон барои як моҳ ба Оломн сафар карданд.
"Дар давоми як моҳ ман чунон нерӯи мусбате гирифтам, ки дурӣ аз Оломн бароям мушкилӣ мекард. Ҳамаи ширкаткунандагони ин барнома ҳангоми тарки Олмон гиря карданд. Ин таҷрибаи бузурге буд, ки ман бо завқи том мехоҳам дубора онро такрор кунам ва чунин таҷрибаро ба дигарон ҳам орзу дорам", — мегӯяд Ситора.
Пас аз бозгашт ба Ватан Ситора ҳадаф гузошт, ки ҳатман барои идомаи таҳсил ба Олмон боз мегардад.
Акнун Ситора ба ҳадафаш расид. Ӯ донишҷӯи Донишгоҳи Пассау аст.
Дар бораи дигаргуниҳо
Моҳи чаҳорум мешавад, ки Ситора дар иҳотаи олмониҳо ба сар мерабад ва аллакай бо дигаргунию фарҳанги онҳо ошно шудааст.
"Нахуст чизе, ки ба чашм мерасад — ин тафаккури интиқодии онҳо ҳаст. Олмониҳо камолгаро ё перфексионист ҳастанд — ҳам дар зиндагӣ, ҳам дар интихоби ғизо ва дар ҳама ҷо. Агар ба онҳо чизе писанд наояд, онҳо ошкоро онро мегӯянду шарҳ медиҳанд. Агар интиқоди одилона бошад, мардуми Олмон онро бо хушнудӣ мепазиранду ҳатто сипосгузорӣ ҳам мекунанд. Ва агар шумо бо фикри онҳо розӣ набошед, бояд назари худро шарҳ диҳед. Дар фарҳанги тоҷикон баръакс, агар интиқод кунӣ, онро хуб қабул намекунанд, барои ҳамин мардуми тоҷик аз интиқод кардан худдорӣ мекунад. Бо муқоисаи ин ду назар ман ба хулоса омадам, ки назари олмониҳо одилтар аст", — гуфт Ситора.
Ин духтари тоҷик мегӯяд, ки кордӯстӣ ва ҷаҳонбини олмониҳоро бисёр писандидааст. Ӯ мегӯяд, ки ҷаҳонбинии васеъи олмониҳо натиҷаи гардишгарӣ ва фаъол будан дар овони ҷавонист. Ҷавононашон бисёр фаъоланд, мегӯяд Ситора вале дар остонаи Соли нав ҳамаи онҳо ба назди хонавода ва пайвандонашон мераванду соли милодиро ҳамроҳ пешвоз мегиранд.
"Мардум аксаран аз истеъдоди худ бехабар зиндагӣ мекунанд. Дар миёни ошноҳои ман духтарони зиёде ҳастанд, ки аз имконоти кишварҳои хориҷӣ истифода намекунанд. Онҳоро волидонашон намегузоранд. Дар Тоҷикистон духтарони ҳамсоли ман пирдухтар шумурда мешаванд: гӯё дар ин синн ҷавонӣ гузаштаву вақти шавҳар кардану кору сармоя андӯхтан ва таваллуди фарзанд фаро мерасад. Ин тарзи ҳаёти духтарони тоҷик аст. Барои ҳамин ман аз волидонам бисёр сипосгузорам, ки ҳамеша интихоби маро мепазиранду маро дастгирӣ мекунанд. Дар Олмон, ҳамсолонам ҳадафҳои бузург мегузоранду мекӯшанд ба мақсадашон бирасанд. Кунҷков ҳастанду худшиносӣ ва ҷаҳоншиносӣ мекунанд. Дар ин ҷо ман эҳсоос мекунам, ки ҷавонӣ нав оғоз шудаву сарнавиштам дар дасти худам ҳаст", — мегӯяд Ситора.
Назаре аз дур ба Ватан
Дар айни замон Ситора аз ҳаёти донишҷӯӣ дар Пассау баҳра мебарад. Ӯ бо таҳсил, фаъолиятҳои иловагӣ ва мардуме, ки ӯро иҳота мекунанд, шод аст.
"Дар гурӯҳи ман фақат олмониҳо таҳсил мекунанд ва онҳо маро дар гурӯҳашаон хуб қабул карданд. Кӯшиш мекунанд, ки ба ман кӯмак кунанд, дар китобхона бо ман мешинанд, дар корҳои ҳаррӯзаам ёрӣ мерасонанд. Онҳо маро бо фарҳангашон ошно мекунанд. Масалан ман боре ҳам Соли навро дар Урупо пешвоз нагирифтаам, онҳо кӯшиш мекунанд, ки Соли нави воқеъии олмоинро бароям нишон диҳанд".
Нақшаи ояндаи Ситора бо гардишгарӣ вобаста аст. Чун ӯ дар ин замина нав қадам мемонад, кӯшиш дорад, фазои ин соҳа, бозор, талабот ва омодагии мардумро ба гардишгарӣ фаҳмад.
Ӯ орзу дорад, гардишгариро дар Тоҷикистон, бахусус дар Помир, рушд диҳад.
"Аксари ҳамдонишгоҳиёнам дар бораи Тоҷикистон нахустин бор аз ман шуниданд. Ман нахустин тоҷике ҳастам, ки онҳо мешиносанд. Ман ба онҳо дар бораи фарҳанги мардуми тоҷик нақл мекунаму дар нигоҳашон осори тааҷҷуб ҳувайдо мешавад. Худам ҳам чизҳои навро меомӯзам. Чанде пеш ман дар бораи рушди гардишгарӣ дар Помир гузорише омода кардам. Супориш буд, ки бояд дар бораи ҷонибҳои мусбати гардишгарӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳаллли он намоиш дода шавад. Ман рӯзҳои дароз дар китобхона дар ҷустуҷӯи маълумот будаму дарк кардам, ки чӣ қадр Тоҷиикстон манзараҳои зебо дорад ва ман замоне, ки он ҷо ба сар мебурдам ҳамаи ин зебогиҳоро намедидам. Одатан вақте, инсон аз Ватанаш берун мешавад, оҳиста оҳиста аз забону фарҳанг ҳам дур мешавад. Ман бошам баръакс, акнун бештар ба Тоҷикистони азизам наздик шудам", — мегӯяд Ситора.
Ситора бовар дорад, ки гардишгарӣ "силоҳ"-и хубест барои баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ. Гардишгарӣ мардумро ба ҳам меораду соҳаҳои гуногуни ҳаётро рушд медиҳад. Дӯстони олмонии Ситора аллакай тасмим гирифтаанд ба дидани Тоҷикистоон мераванд. Вале Ситора мегӯяд, ки барои рушди гардишгарӣ бояд нархҳоро каме коҳиш дод.
"Худи як билети ҳавопаймо ба Тоҷикистон баробар ба сафар дар саросари Урупо аст. Олмониҳо ба гардишгарии арзон одат кардаанд. Ҳатто мардуми миёнҳоли Олмон сайёҳат дар Урупо дастрас аст. Вале парвоз ба Осиёи Марказӣ беҳад гарон аст. Вале бо вуҷуди ин мехоҳам бовар кунам, ки дӯстонам метавонанд аз Тоҷикистон боздид кунанд", — мегӯяд Ситора.
Ситора то ҳол тасмим нагирифта, ки пас аз хатми донишгоҳ дар куҷо зиндагӣ мекунад, вале чунин менамояд, ки ӯ дар Олмон мемонад.
Ситора мехоҳад ба Ватани худ, ки аз дурӣ онро бештар дӯст доштааст, фоидае биёрад. Ӯ таваҷҷуҳи олмониҳоро ба Тоҷикистон мебинад ва умед дорад, ки раҳнамои онҳо дар Тоҷикистон мешавад.