ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикстон бо қабули як қарор аз тасмим барои ҷудо намудани замин барои Узбакистон ҷонибдорӣ кардааст.
Тибқи қарори Ҳукумат дар замини ҷудошуда бинои намояндагии дипломатии Узбакистон дар Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд.
Бар асоси созиши ҷонибҳо, Узбакистон низ барои Тоҷикистон замин ҷудо мекунад, ки дар он ҳам сохтмони бинои намояндагии дипломатӣ дар назар аст.
Ин иқдом дар ҳоле сурат мегиранд, ки муносиботи Тоҷикистон бо Узбакистон, дар аҳди роҳбарии Шавкат Мирзиёев хуб шуда, то ҳол ҷонибҳо даҳҳо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расондаанд.