Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Қарори нави Ҳукумат: Раҳмон рафтуомади узбакистониҳоро ба Тоҷикистон арзон кард

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори ҷадиди Ҳукумат барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти Узбакистон дар Тоҷикистон имтиёзи ҷадид роҳандозӣ кард

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тибқи қарори нави Ҳукумат худравҳои сабуку автобусҳои Узбакистон, ки ба Тоҷикистон меоянд ё тариқи транзит аз қаламрави кишвар мегузаранд, аз пардохтпулиҳо озод гардиданд.

Ин ҳақро худравҳои сабук ва автобусҳои Узбакистон истисноан соҳиб гардида, воситаҳои нақлиёти кишварҳои дигар муваззафанд боҷро пардохт намоянд.

Ахиран вуруди воситаҳои нақлиёти хориҷӣ ба Тоҷикистон мавриди баҳс қарор гирифт. Бархе аз ронандаҳо шикоят карданд, ки масъулин аз ронандаҳои воситаҳои нақлиёти хориҷӣ маблағи бештар аз ҳаҷми муқарраркардаи қонун талаб мекунанд.

Бар асоси иттилои расонаҳои Тоҷикистон ҳаҷми пардохтпулии воситаҳои нақлиёти сабук барои вуруд ба Тоҷикистон 25 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аммо ронандагони худравҳои сабуки хориҷӣ шикоят доранд, ки аксаран маъмурини тоҷик барои вуруд ба Тоҷикистон маблағи ба маротиб зиёд аз боҷи расмиро талаб мекунанд.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз афроде, ки дучори чунин ҳолатҳо мешаванд, хоҳиш кардааст, ки тариқи рақамҳои боварӣ  227-14-98, 221-75-33 дар тамос шаванд.

Лентаи хабарҳо
0