Кучай дар бораи фоидаи мафия аз нашъа ва нархи арзони "Барқи тоҷик"

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкЧрезвычайный и Полномочный Посол Исламской Республики Афганистан в Российской Федерации Абдула Каюм Кучай
Чрезвычайный и Полномочный Посол Исламской Республики Афганистан в Российской Федерации Абдула Каюм Кучай - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдулқаюм Кучай, сафири Афғонистон дар Русия, ки қаблан бо изҳороташ дар бораи гум шудани асолати тоҷикон ва пуштибонии мақомоти тоҷику рус аз мафия, вирди забонҳо шуда буд, дар Маскав нишасти матбуотӣ баргузор кард

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Кучай, зимни нишасти матбуотӣ ба муносибати 99-умин солгарди Истиқлолияти Афғонистон дар маркази матбуотии "Россия сегодня" бо хабарнигорон дар бораи мафияи байналмилалӣ, барқи арзони Тоҷикистон ва муштаракоти афғону тоҷикҳо суҳбат кард.

Ӯ ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар мавриди ҳамкориҳои Кобул бо Душанбе ва Тошканд алайҳи гуруҳҳои террористӣ гуфт, низомиёни афғон бо ҳамтоёнашон аз Осиёи Миёна, махсусан Тоҷикистон ҳамкории хуб доранд.

Директор Второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон
Замир Кобулов: Русия назди Афғонистон узрхоҳӣ намекунад

"Низомиёни Тоҷикистону Афғонистон мулоқоту ҳамкорӣ мекунанд. Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон низ кӯмак мекунад ва ҳама корро анҷом медиҳанд, то ҷангҷӯён марзро убур накунанд. Низомиёни кишварҳои ҳамсоя дар мубориза бо маводи мухаддир низ кӯмак мекунанд", — изҳор дошт Кучай.

Абдулқаюм Кучай афзуд, пинҳон нест, ки Афғонистон калонтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир аст, аммо фоидаи асосиро аз он мафияи байналмилалӣ мегирад.

"Мафияи байналмилалӣ ҳам дар Тоҷикистон, кишварҳои дигари Осиёи Миёна, Эрон, Покистон ва давлатҳои дигар фаъолият дорад", — таъкид намуд Кучай.

Ӯ изҳор дошт, ки маводи мухаддир аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва баъдан ба Маскаву Аврупо интиқол меёбад.

Контрольно пропускной пункт на границе с Кыргызстаном - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии Қирғизистон аз таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

"Афғонистон ҳавасманд аст, ки ин истеҳсолотро қатъ кунад, аммо мутаассифона хеле кишварҳои зиёд ба ин раванди ҷиноӣ ворид мебошанд. Афғонистон бо мақомоти Тоҷикистон дар ин самт низ ҳамкорӣ мекунад", — гуфт Кучай.

Ӯ таъкид намуд, ки ҳамкориҳои Кобулу Душанбе дар доираи марзбонию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳдуд нашуда, дар бахши иҷтимоию иқтисод низ ҷой доранд.

Сафир аз фаъолияти Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон дар бахши иқтисод, иҷтимоъ ва маорифу тандурустӣ таъриф карда, изҳор дошт, ки бо Тоҷикистон робитаҳои хуби тиҷориро ба роҳ мондаанд.

"Бо Тоҷикистон муштаракоти зиёд дорем. Забони мо наздик аст, якдигарро мефаҳмем, умумиятҳои таърихии зиёд дорем. Тоҷикон афғонҳоро ва афғонҳо тоҷиконро дӯст медоранд. Мусиқӣ, санъат ва динамон як аст", — таъкид кард сафир.

Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон аз нерӯи барқ бой аст ва дар ин бахш лоиҳаҳои муштарак дорем.

Линии электропередач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даромади бештар: Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон бештар мекунад

"Барқи Тоҷикистонро бо нархҳои муфид, хеле арзонтар аз арзиши барқи кишварҳои дигар мегирем. Ин ба мо кӯмак мекунад", — таъкид кардааст Кучай.

Абдулқаюм Кучай  соли 2016, дар рӯзҳои аввали таъинаш ба мақоми сафир дар Маскав бо изҳороти баҳсбарангезаш вирди забонҳо шуда буд.

Кӯчай охири моҳи декабри 2016 дар суҳбат бо видеоблоги афғонӣ гуфт, пушти интиқоли маводи мухаддири Афғонистон русҳо ва мафияи Тоҷикистон меистад. Ӯ дар мавриди тоҷику Тоҷикистон афзуда буд, ки "Тоҷикистон як кишвари бисёр кӯчак аст, ҳатто панҷ миллион аҳолӣ надорад ва як миллиони он ҳам рус аст. Фарҳанг ва забони расмиашон русӣ аст. Ҳақ надоранд, забони худро бинависанд ва ҳатто алифбои дариро тағйир додаанд. Мафия дар ин кишвар бисёр фаъол аст".

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон алайҳи изҳороти Абдулқаюми Кучай эътироз карда буд, аммо Кобул изҳор дошт, ки ин назари шахсии сафир мебошад.

Лентаи хабарҳо
0