Замир Кобулов: Русия назди Афғонистон узрхоҳӣ намекунад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкДиректор Второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов
Директор Второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия барои аланга гирфтани оташи ҷанг дар Афғонистон ҷавобгар нест, мегӯяд намояндаи махсуси раисҷумҳури Русия дар Афғонистон Замир Кобулов

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар Афғонистон Замир Кобулов гуфтааст, ки Русия ба хотири вуруди нерӯҳои шӯравӣ ба Афғонистон дар соли 1978 узрхоҳӣ намекунад. Дар ин бора Sputnik Афғонистон хабар медиҳад.

"Иттиҳоди Шӯравӣ давлати нави Афғонистонро ба расмият шинохт ва бо он иртиботи худро барқарор кард. Вуруди нерӯҳо пас аз иқдомоте, ки дар баробари Ҳукумат анҷом шуд, сурат гирифт. Ин баёния ба ҷуз тааҷҷуб ва кӯтоҳфикрӣ чизи дигареро баён намекунад", - афзуд вай.

Директор Второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон
Фиристодаи Путин: Эътимоди сокинон ба Толибон беш аз ҳукумат аст

Дар посух ба суоле, ки оё Русия аз мардуми Афғонистон узрхоҳӣ мекунад ё не, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар Афғонистон гуфт, "Русия аз ҳеҷ касе узрхоҳӣ нахоҳад кард".

Пештар, Абдулқаюм Кӯчӣ, сафари Афғонистон дар Русия гуфтааст, ки ба расмият шинохтани Афғонистон дар соли 1987 тавассути Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги афзорҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон иштибоҳе буд, ки мардуми Афғонистон то ҳол интизори узрхоҳии ҷониби Русия ҳастанд.

Ҳамчунин сафири Афғонистон дар Русия афзудааст, чунин баёния боиси тақвияти робитаҳо хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0