Даромади бештар: Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон бештар мекунад

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередач, архивное фото
Линии электропередач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон эълон намудааст, ки соли ҷорӣ Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон бештар хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки  содироти барқроба Афғонистон то 1,5 миллиард кВт/с расонад.

Тавре хабаргузории ТоҷикТА гузориш медиҳад, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар мулоқот бо раиси Ҳукумати Афғонистон Абдулло Абдулло таъкид кардааст, ки Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба ин кишвар 1,5 миллирад кВт/с барқ содир хоҳад кард, ки дар қиёс ба соли гузашта зиёд аст.

Соли гузашта Тоҷикитон ба Афғонистон 1,4 миллиард кВт/с барқ содир кардааст.

Линии электропередач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз моҳи апрел содироти барқ ба хориҷро афзоиш медиҳад

Дар мулоқоти мазкур  иҷрои тарҳи лоиҳаи CASA-100 низ  баррасӣ шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон нақша дорад аз моҳи апрели соли равон содироти барқро ба хориҷ афзоиш диҳад.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом карда буд, ки аз моҳи апрели соли ҷорӣ содироти барқи ин кишвар ба хориҷ афзоиш меёбад.

Намояндагони ин ниҳод гуфтаанд, ки бо гарм шудани ҳаво ва афзоиши вуруди об ба садди нерӯгоҳҳои барқӣ- обии ин кишвар, дар моҳи апрели соли ҷорӣ заминаи содироти барқи бештар ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон фароҳам хоҳад шуд..

Гуфта мешуд, Тоҷикистон дар соли 2017 ба Афғонистон 1 миллиарду 304 миллион киловатт соат барқ содир кард, ки қарор аст дар соли ҷорӣ ин шохис ба 1 миллиарду 500 миллион киловатт соат бирасад.

Лентаи хабарҳо
0