Ба раисиҷумҳур писанд нашуд: дастури назорати сифати либосу лавозимоти мактабӣ

© © Мэрия города ХуджандМэр город Худжанд Маъруф Мухаммадзода, архивное фото
Мэр город Худжанд Маъруф Мухаммадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дастур додааст, ки аз фурӯши маҳсулоти пастсифати мактабӣ дар растаҳо ҷилавгирӣ шавад

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Муҳаммадзода зимни ифтитоҳи ярмарка-фурӯши лавозимот ва либоси ягонаи мактабӣ дар Хуҷанд аз фурӯшандагон хоҳиш кардааст, ки ба хонандагон маҳсулоти босифат пешниҳод кунанд. Ӯ масъулинро муваззаф намудааст, ки ин масъаларо зери назорат гиранд.

Раиси Хуҷанд хостааст, ки аз фурӯши молу маҳсулот бо аксҳои тарғиботи зӯроварию ба фарҳанги мо бегона ҷилавгирӣ карда шавад.

Школьная форма в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз сифати истеҳсоли сарулибоси мактабӣ дар пойтахт

Муҳаммадзода ҳангоми шиносоӣ аз растаи либосҳои ватанӣ ба анвои он ва матоъҳои истеҳсоли ватанӣ таваҷҷуҳ намуда, таъкид дошт, ки тамоми корхонаҳои шаҳр, ки ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ машғуланд бояд аз матоъҳои ватанӣ истифода намоянд.

Таъкиди мақомдорон ба сифати либосу лавозимоти мактабӣ дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур Тоҷикистон низ аз сифати он интиқод намуд.

"Волидайни хонандагон аз сифат ва тарҳи дӯхти либосҳои мактабӣ қаноатманд нестанд ва бо ин сабаб қисми зиёди либосҳо дар анборҳо боқӣ мондааст", — таъкид кард раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон мақомотро вазифадор кард, ки масъалаи истеҳсоли сарулибоси мактабии сифатнок ва дӯхт бо тарҳи замонавиро ба роҳ монанд.

Лентаи хабарҳо
0