ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханрониаш дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби №31 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз сифати сарулибоси мактабие, ки дар корхонаҳои пойтахт истеҳсол ва тарроҳӣ мешавад, интиқод кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар нимсолаи якуми соли 2018 дар шаҳри Душанбе 75 ҳазор дона либоси мактабӣ ба маблағи 3,4 миллион сомонӣ истеҳсол шудааст.
Вай афзуд, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба талабот, ки 110 ҳазор донаро ташкил медиҳад, кам будааст.
"Волидайни хонандагон аз сифат ва тарҳи дӯхти либосҳои мактабӣ қаноатманд нестанд ва бо ин сабаб қисми зиёди либосҳо дар анборҳо боқӣ мондааст", — таъкид кард раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон мақомоти шаҳри Душанберо вазифадор кард, ки масалаи духти сарулибоси мактабии сифатнок ва духт бо тарҳи замонавиро ба роҳ монанд.
Инчунин вай таъкид кардааст, ки мақомоти шаҳр то оғози соли нави хониш барои ташкил намудани ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ тадбирҳои лозима андешида шавад.
Ёдрас мешавем, ки субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустам Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахти Тоҷикистон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31-ро ифтитоҳ карданд.