“Узбекнефтегаз” дар Тоҷикистон ройгон маҷмаъаи тиббӣ месозад

© Sputnik / Андрей СтенинСтроительство. Архивное фото
Строительство. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон маҷамаъаи муосири тиббӣ барои 200 нафар бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ширкати "Узбекнефтегаз" дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ройгон маҷмаъаи тиббӣ месозад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ширкати мазкур.

Маҷмаъаи тиббӣ барои 200 нафар бунёд мегардад. Баъд аз анҷом ёфтани сохтмони маҷмаъаи тиббӣ иншооти мазкур ба ҳукумати Тоҷикистон супорида мешавад.

Стенд с надписью Я люблю Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ташрифи гурӯҳи хабарнигорони Узбакистон ба вилояти Суғд

Имрӯз марзи Тоҷикистону Узбакистонро мошинҳо бо масолеҳи сохтмонӣ, техникаҳои махсус ва таҷҳизоти сохтмонӣ убур карданд. Дар қатори мошинҳои боркашу эксковатору таҷҳизоти лозима, марзи Тоҷикистонро автобус бо 15 мутахассиси узбак низ убур кард. Мутахассисони узбак ба вилояти Хатлон барои сохтмони ин иншоот равона шуданд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон корхонаи сементбарорӣ месозад.

Корхона аз ҳисоби шикати хусусӣ, ки ба тавлиди семент машғул аст, сохта мешавад. Қарор аст, корхона мазкур дар вилояти Сурхандарёи Узбакистон бунёд шавад.

Лентаи хабарҳо
0