Ташрифи гурӯҳи хабарнигорони Узбакистон ба вилояти Суғд

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешСтенд с надписью Я люблю Худжанд, архивное фото
Стенд с надписью Я люблю Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз гурӯҳи 13 нафараи хабарнигорони Узбакистон ба вилояти Суғд ташриф меоранд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Имрӯз гурӯҳи 13 нафарии хабарнигорони Узбакистон вориди вилояти Суғди Тоҷикистон мешаванд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд.

Министр культуры Таджикистана Шамсиддин Орумбекзода с узбекскими артистами - Sputnik Тоҷикистон
Пешвози гарми Узбакистон аз ҳайъати фарҳангиёни тоҷик дар Тошканду Самарқанд

Ба гуфтаи манбаъ, меҳмонон дар доираи сафари худ аз идораи рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқатӣ» боздид карда, дар «Кохи матбуот» бо аҳли зиёи вилоят мулоқот хоҳанд кард.

"Ба ҳайати гурӯҳ Шарофат Эрматова — хабарнигори шабакаи телевизионии Узбакистон ва раиси Маркази фарҳаангии миллии тоҷикони Узбакистон "Ориёно", Тоҷибой Икромов, муовини сармуҳаррири рӯзномаи "Овози тоҷик", Ҷасур Исҳоқов, муаллифи филми мустанади "Зери осомони ягона", Ҷумъа Ҳамроев, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Олим Ҷумъақулов, муҳаррири рӯзномаи "Ховар", Нурулло Насриев, мудири шуъбаи Агентии миллии иттилоотии Узбакистон, Зебо Тӯхтаева, хабарнигори телевизион "Узбакистон 24" ва ғайра шомил мебошанд", — гуфт манбаъ.

Нассоҷони тоҷик дар Узбакистон идея ва имконоти ҳамкорӣ меҷӯянд

Манбаъ таъкид кард, ки меҳмонони узбак зимни сафари худ аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид карда дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дар барномаи фарҳангии аҳли ҳунари вилоят дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд", иштирок мекунанд. Инчунин онҳо аз бозори марказии «Панҷшанбе» ва масҷиди ҷомеаи Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд боздид мекунанд.

Рӯзноманигорони Узбакистон дар баробари шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин аз шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент ва Душанбе боздид хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0