Сокинони Душанбе як рӯз беоб мемонанд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкКран в ванной комнате, архивное фото
Кран в ванной комнате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдори ба раисони ноҳияҳо дастур додааст, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, ба сокинони минтақаҳои номбурда оби нӯшокӣ таъмин карда шавад

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Фардо, 8 август қариб дар тамоми ноҳияҳои шаҳри Душанбе оби  нӯшокӣ қатъ мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдории пойтахт хабар додаст.

Гуфта мешавад, Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қароре ба имзо расонид, ки мувофиқи он интиқоли об аз  Истгоҳи обтаъминкунии "Худҷореъ" барои як рӯз қатъ мешавад.

Манбаъ тавзеҳ додааст, киин иқдом бо мақсади  таъмири истгоҳи обтаъминкунӣ ироа шудааст.

Об дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз соати 22:00 рӯзи 08 то соати 22-00 рӯзи 09 августи соли 2018 қатъ мегардад.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Бо қарори Рустам Эмомалӣ: дар иди Қурбон ҷойҳои махсуси забҳи ҷорво ташкил мешавад

Ҳамин тавр, фардо сокинони ноҳияи  Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ беоб мемонанд.

Дар ноҳияи Шоҳмансур, об дар маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77, қатъ карда мешавад.

Дар ношҳия Сино оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои 10-15, 15А, 31, 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Қарамиршикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам қатъ мешавад.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Талаботро риоя кунед: нигаронии Рустам Эмомалӣ аз сифати биноҳои навсохт дар Душанбе

Дар ноҳияи Фирдавсӣ об дар кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе қатъ мегардад.

Шаҳрдори ба раисони ноҳияҳо дастур додааст, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, ба сокинони минтақаҳои номбурда оби нӯшокӣ таъмин карда шавад. 

Лентаи хабарҳо
0