Бо қарори Рустам Эмомалӣ: дар иди Қурбон ҷойҳои махсуси забҳи ҷорво ташкил мешавад

Обуна шудан
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ҷойҳои махсуси забҳи чорво ташкил карда мешавад. Дар ин бора қарори шаҳрдори пойтахт ба тавсиб расидааст

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар арафаи иди Қурбон дар шаҳри Душанбе муваққатан барои забҳи чорво ҷойҳои махсус ташкил карда мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдории пойтахт бо интишори намунаи қарори раиси шаҳр хабар медиҳад.

Ҳамин тавр, дар ноҳияи Фирдавсӣ дар назди бинои "Комбинати гӯшту консерва", дар ноҳияи Сино дар назди "Ангара", воқеъ дар маҳаллаи Роҳи нав, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар назди маҷмааи байторӣ, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ, дар корхонаи замонавии забҳи чорвои "Ёвар-11", воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойҳои забҳи чорво ташкил мешавад.

Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  бо дарназардошти зичии аҳолии маҳаллаҳо, бояд  ҷойҳои муваққатии забҳи чорворо муқаррар ва тасдиқ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0