ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ширкати гардишагарии "Суғдиён-Помир Тур" тоҷикистониёро ба саёҳати Самарқанд ва ҳамзамон тамошои консерти ҳунарманди маъруфи эронитабор Андӣ Мададиён даъват мекунад.
Тавре ба Sputnik Тоҷикистон мудири ин ширкат дар вилояти Суғд Зокирҷон Болтуев хабар дод, саёҳати гардишгарони тоҷик ба Самарқанд се рӯз идома ёфта, онҳоро дар ин шаҳри бостонӣ зиёрати маконҳои таърихӣ ва ҳунарнамоии овозхони маъруф интизор аст.
Сафар аз субҳи 19-уми август оғоз шуда, нархи саёҳат 2000 сомонӣ будааст.
"Дар ин маблағ тамоми хараҷоти роҳ, хӯрок тамоишои маконҳои таърихӣ ва консерт ҳисоб шудааст", — гуфт раиси ширкат.
Вай афзуд, сайёҳони тоҷик аз мақбараи ал-Бухорӣ, Шоҳи Зинда, Хоҷа Аҳрори Валӣ, майдони Регистон, хона-музейи Садриддин Айнӣ ва оромгоҳи Ислом Каримов дидан хоҳанд кард.
Ба гуфтаи Зокирҷон Болтуев, Андӣ дар шаҳри Самарқанд ду рӯз — 19 ва 20-уми август ҳунарнамоӣ мекунад.
Пештар, Андӣ Мададиён дар Маскав ҳунарнамоӣ карда, дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, нақшаи сафари ҳунарӣ ба Узбакистонро тарҳрезӣ мекунад ва пасон ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.