ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Андӣ Мададиён — ҳунарманди машҳури эронитабор дувумин консерташро дар Русия баргузор мекунад.
Ин дафъа ҳунарнамоии Андӣ дар шаҳри Санкт-Петербург сурат мегирад.
Тавре муҷрии тоҷик Аслишо Акимбеко дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст, консерт 14 июн дар Маҷмааи "М-1 Арена" баргузор мешавад.
Нархи билет дар вебгоҳи andyinrussia.com аз 80 доллар то 150 доллар арзёбӣ гардидааст.
Ҳунарманди эронитабор аввалин консерташро дар Русия дар Маскав баргузор карда буд.
Ӯ дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки нақша дорад ба Тоҷикистону Узбакистон низ бо сафари ҳунарӣ ташриф орад.
Андӣ мардуми Тоҷикистонро хушбахт номида буд, чун мусиқӣ дар кишвар озод аст.