Пешвози гарми Узбакистон аз ҳайъати фарҳангиёни тоҷик дар Тошканду Самарқанд

© Министерство культуры РТМинистр культуры Таджикистана Шамсиддин Орумбекзода с узбекскими артистами
Министр культуры Таджикистана Шамсиддин Орумбекзода с узбекскими артистами - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи севум аст, ки ҳайъати фарҳангиёни тоҷик бо роҳбарии вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар Узбакистон қарор доранд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Ҳайъати Тоҷикистонро дар Тошканд гарму самимӣ пешвоз гирифтанд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи севум аст, ки намояндагони фарҳангу илм ва сиёсату адабиёти Тоҷикистон дар Узбакистон қарор доранд.

Гуфта мешаванд, сараввал ҳаъати Тоҷикистон дар Тошканд аз Иттифоқи нависандагони Узбакистон дидан кардаанд.

"Дар ин дидор зикр гардид, ки дӯстии тоҷикону узбакон ҳанӯз дар асрҳои миёна аз Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ  сар шуда буд", — омадааст дар иттилои манбаъ.

Фарҳагиёни тоҷик дар Тошканд бо маҷмааи Ҳазрати Имом низ ошно гардиданд.

Ҳайъат ҳамчунин ба шаҳри Самарқанд сафар карда, бо фаъолияти Китобхонаи миллии Узбакистон ва Академияи илмҳои Узбакистон  шинос шуданд.

Лентаи хабарҳо
0