ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар як нишаст бо намояндагони дафтари САҲА дар Тоҷикистон, сафорати Амрико, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти милисаи Тоҷикистон ҳодисаи хунини Данғара ва масъалаи ислоҳоти мақомоти миласаи тоҷикро мавриди баррасӣ қарор дод.
"Дар тамоми ҷаҳон ба вуқӯъ омадани чунин ҳодисаҳо ҳамаи моро водор месозад, ки бояд муттаҳид шавем. Ин ҷинояти мудҳиш дар муддати кӯтоҳ бо дастгирии ҷомеа ва мардум кушода шуд, ки ин аз тақвият ёфтани ҳамкории милитсия бо мардум шаҳодат медиҳад", — таъкид дошт Раҳимзода.
Хонум Туула Юрёля гуфт, ин (тероризм) мушкилоти ҷаҳонӣ ва глобалӣ мебошад.
"Мо бисёртар таваҷҷӯҳи худро ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа равона кардаем. Имрӯз дар сохтори милитсия ислоҳот ҷараён дорад ва яке аз самтҳои асосии он ин беҳтар намудани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мебошад. Ва дар ин раванд нақши Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидат ба ислоҳоти милитсия хеле муҳим мебошад", — таъкид дошт вай.
Ҳамчунин Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Кевин Коверт дар ҷараёни Мизи мудаввар баромад намуда, нахуст барои таъзия ва дастгирӣ ба ҳозирин изҳори миннатдорӣ намуд.
Мавсуф қайд намуд, ки ин ҳодисае, ки ба наздикӣ рух дод, ин чеҳраи аслии Тоҷикистонро нишон намедиҳад.
"Ин Тоҷикистоне нест, ки ман ӯро мешиносам ва дӯст медорам. Аъзои оилаи ман, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ менамоянд, дар амн ва бехатаранд ва хушбахт ҳастанд. Ҳамкорӣ миёни мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷамъият зарур аст. Танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ мо метавонем алайҳи ифротгароӣ ва тундгароӣ мубориза барем", — изҳор дошт вай.
Дар идомаи чорабинӣ Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Хаджимэ Китаока зимни баромади худ ба Сафорати ИМА ва Иттиҳоди Аврупо вобаста ба ҳодисаи рухдода изҳори ҳамдардӣ намуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ҳаллу фасли фаврии ин ҷиноят сипосгузорӣ намуд.