Дабири кулли САҲА: аз террор дар Тоҷикистон ба даҳшат омадам

© Пресс-служба президента Узбекистана / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь ОБСЕ Томас Гремингер
Генеральный секретарь ОБСЕ Томас Гремингер - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Томас Гремингер, дабири кулли Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо мегӯяд, аз ҳамлаи террористӣ дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон ба даҳшат омадааст

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Гремингер бо нашри як изҳорот дар Твиттер изҳор доштааст, ки аз ҳамлаи террористӣ дар Тоҷикистон ба даҳшат омадааст ва онро шадидан маҳкум мекунад.

Ӯ таъкид намудааст, ки САҲА дар канори Тоҷикистон аст ва барои мубориза бо терроризм дастгирӣ хоҳад кард.  

Ҳамла ба 7 дучархасавори хориҷӣ 29-уми июл дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара рух додааст. Мошини “Леганза” сайёҳонро зер карда, сипас афроди дохили мошин ба иттилои мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ба ҷабрдидагон бо корду табар ҳамла кардаанд.  

Ба иттилои ВУД, дар натиҷа 4 сайёҳи хориҷӣ — Аустин Ҷей, Лаурен Анне Мунотз, шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Вокке Рен Виллем, шаҳрванди Нидерландия, Хамел Маркус шаҳрванди Шветсария ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар Ким Айрис ва Дименд Мари Клер шаҳрвандони Швейтсария дар ҳолати вазнин дар беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ гардидаанд. Шаҳрванди Франсия Казабат Гуиллаюм Ҷеан осеб надидааст.

Дар натиҷаи амалиёт алайҳи омилони ин ҳамла ҳадди ақал 4 нафар кушта шуда, 4 нафари дигар боздошт гардиданд.

Созмони террористии “ДОИШ” масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтааст, аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ин амали аъзои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мебошад. Раёсати ҳизби мамнуъ дар Тоҷикистон ин иттиҳомро рад кардааст.

Лентаи хабарҳо
0