ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Давронов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, танаффус бо ташаббуси худи ӯ сурат гирифт, чун баъди ҷарроҳии пой, вақти кофӣ барои барқарорсозиро надошт.
Ӯ гуфт, дар пайи ҷарроҳии пой дар бозиҳои Ҷоми Осиё ба майдон баромад, баъдан ба Индонезия кӯчид ва барои барқарорсозии сиҳатии пойаш фурсати кофӣ наёфтааст.
"Ниҳоят чанд рӯз пеш ин масъаларо бо менеҷери даста ба миён гузоштам. Ба ман то моҳи декабр фурсат доданд. Хостанд барои барқарорсозии вазъи саломатӣ ба Сингапур равонам кунанд, аммо ман Маскавро пешниҳод кардам, чун муҳити он ҷо бароям ошносту забонро медонам", — изҳор дошт Нуриддин Давронов.
Ӯ афзуд, ки мудирияти бошгоҳ масъалаи маблағи тамрину барқарорсозиҳо дар Маскавро пурра пардохт карда, ҳамаи ҳисобҳои молиявиро баробар кардааст.
"Худо хоҳад рӯзҳои наздик ба хона меравам ва баъди Иди Қурбон ба Маскав сафар мекунам. Ҳозир муҳим вазъи саломати пойҳоям аст, тамрину барқарорсозӣ мегузаронам, то чун пештара бақувват шаванд. Худо хоҳад моҳи декабр бармегардам, он сӯяш Худо подшоҳ", — таъкид кард капитани дастаи мунтахаби миллӣ.
Дар ҳамин ҳол Ҳаруна Сумитро, менеҷери "Мадура Юнайтед", 3 август зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки Нуриддин Давронов дар даври дуюми бозиҳои Лигаи аввали Индонезия дар ҳайати ин даста бозӣ нахоҳад кард.
Сумитра бо тасдиқи созишномаи тӯлонӣ бо бозигари тоҷик изҳор доштааст, ки танаффус ба далели саломатии бозигари тоҷик бо хоҳиши худи ӯ сурат мегирад. Ба иттилои мудирияти бошгоҳ Нуридин Давронов онҳоро аз дарди пойи чап огоҳ карда, барои табобату барқарорсозӣ вақт хостааст.
Нуридин Давронов, капитани тими мунтахаби футболи Тоҷикистон декабри соли гузашта, бо дастаи "Мадуро юнайтед", қаҳрамони секаратаи Индонезия созишнома баста буд.