Нуриддин Давронов: ҳатман ба “Истиқлол” бармегардам

© ФФТНуриддин Давронов. Акс аз бойгонӣ
Нуриддин Давронов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон нақл намуд, ки ба дастаи “Дунав” гузаштан барояш хело мушкил буд, аммо ӯ итминон дорад, ки ба бизингарони ҷавон намунаи ибрат хоҳад гашт.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik.  Футболбоз Нуриддин Давронов рафтани хешро аз дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон "Истиқлол" шарҳ дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти даста.

"Хело хурсандам, ки ба дастае чун "Дунав" роҳ ёфтам. Махфӣ нест, тарк кардани "Истиқлол" бароям хело мушкил буд.  Дастаи "Истиқлол" буд, ки ман ҳоло дар ин ҷо- Рус қарор дорам. Барои он  ки маҳз ба туфайли бозиҳоям дар ин даста, маро мушоҳида намуданд ва ба Булғористон даъват карданд",- қайд кард, Давронов.

Варзишгар ба Ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршеди Файзуллозода миннатдорӣ баён намуд.

Сармураббии “Истиқлол” Никола Лазаревич интихоб гардид

"Вақте ки  маро ба дастаи "Дунав" даъват карданд, ман дар ин бора бо президенти дастаи "Истиқлол" сӯҳбат намудам, вай маро фаҳмид. Ба хулоса омадем, ки ба дастаи Булғористон гузаштани ман на танҳо барои ман муҳим аст, балки барои тамоми футболбозони тоҷик муҳим мебошад, махсусан барои дастаи мунтахаби миллии кишвар ",- шарҳ дод Давронов.

"Аллакай шаҳрро омӯхтам. Дар ин ҷо ба ман ҳамдаста ва дӯстам Искандар Ҷалилов кӯмак расонид. Агар ман ба муваффақиятҳои дигар ноил шавам ҳам, рӯзе ба "Истиқлол" бар мегардам. "Истиқлол"  барои ман аз даста дида маънии болотар дорад. Ин даста бароям азиз аст, ки ба воситаи он ман ба олами футбол дохил шудам",- гуфт  ӯ.

Пештар хабар дода шуда буд, ки капитани дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ва "Истиқлол"-и Душанбе Нуриддин Давронов қарор қабул кардааст, ки бозиро дар дастаи булғории "Дунав" давом медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0