ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Ҳаруна Сумитра, менеҷери "Мадура Юнайтед", зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки Нуриддин Давронов дар даври дуюми бозиҳои Лигаи аввали Индонезия дар ҳайати ин даста бозӣ нахоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки муҳлати созишномаи Нуриддин Давронов бо "Мадура Юнайтед", ки декабри соли гузашта имзо шуд, ҳанӯз ба охир нарасидааст.
Сумитра бо тасдиқи созишномаи тӯлонӣ, изҳор доштааст, ки танаффус ба далели саломатии бозигари тоҷик бо хоҳиши худи ӯ сурат мегирад. Ба иттилои мудирияти бошгоҳ, Давронов онҳоро аз дарди пойи чап огоҳ карда, барои табобату барқарорсозӣ вақт хостааст.
Масъулини Индонезия аз Давронов, "Нура" ном мебаранд ва таъкид кардаанд, ки имкони давом додани ҳамкорӣ баъди табобату барқарорсозӣ вуҷуд дорад.
"Нура дар даври дуюми Лигаи 1, то октябр дар ҳайати "Мадура Юнайтед " бозӣ нахоҳад кард. Мо вазъи саломатиашро пайгирӣ хоҳем кард ва агар тавонад бо суръате, ки мо интизор дорем, ба майдон баргардад, ҳамкориро давом медиҳем. Мо бо Нуриддин Давронов созишномаи тӯлонӣ дорем", — изҳор доштааст Сумитра.
Мудирияти бошгоҳ изҳор доштааст, ки ба ҷои Давронов дар даври дуюми бозиҳои Лигаи аввали Индонезия, Милод Зайналпур, бозигари эронӣ ба майдон мебарояд.
Нуридин Давронов, капитани тими мунтахаби футболи Тоҷикистон декабри соли гузашта, бо дастаи "Мадуро юнайтед", қаҳрамони секаратаи Индонезия созишнома баста буд.