Ҳабси раиси додгоҳи Айнӣ ва бахшиши корманди БДА: софдилона иқрор шуд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи в зале суда
Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон мегӯяд, Икром Ҷумазода, раиси пешини додгоҳи ноҳияи Айнӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод Ҷумазода ба гирифтани 1,5 ҳазор доллар пора барои сабук кардани ҷазои як муттаҳам айбдор шуда, ба ивази ин маблағ ваъда додааст, ки айбдоршавандаро аз ҳуқуқи ронандагӣ низ маҳрум намекунад.

Ҷумазода Икром Абдусалом, 30 июл бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ба далели содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз мақоми раиси додгоҳи Айнӣ барканор шуд.

Заседание правительства Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: аз барканории Ҷумазода барои фасодкорӣ то таъини судяҳои нав

Раёсати Ожонси мубориза бо фасод дар мавриди Саидшо Шарипов, нозири роҳи Раёсати ВКД дар Кӯлоб, ки аз сайёҳи Руминия пора талаб карда буд, иттилоъ дод, ки алайҳи Шарипов парванда қатъ шуд. Сулаймон Султонзода, раиси Ожонси мубориза бо фасод, далели қатъи парвандаро иқрору пушаймонии софдилона, рондани Шарипов аз мақомоти умури дохилӣ ва доштани кӯдакони ноболиғ гуфт.

Шарипов ва ҳамроҳонаш тобистони соли гузашта сайёҳони руминиягиро барои ҳаракат бо суръати аз меъёр баланд, боздошт карда, танҳо баъди гирифтани 200 сомонӣ пора раҳо карданд. Сайёҳи руминиягӣ ин лаҳзаро ба навор гирифт ва дар интернет нашр карда буд.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, афродеро, ки аз сайёҳон ва меҳмонони кишвар пора тамаъ мекунанд, ба хиёнаткорон баробар намуда, хостори муборизаи шадид бо фасодкории масъулин шуд.

Лентаи хабарҳо
0