Тағйироти кадрӣ: аз барканории Ҷумазода барои фасодкорӣ то таъини судяҳои нав

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон Ҷумазода Икром Абдусаломро аз вазифаи раиси суди ноҳияи Айнии вилояти Суғд озод кард

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон далели барканории Ҷумазода содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, арзёбӣ шудааст. Қаблан аз боздошти раиси додгоҳи ноҳияи Айнӣ барои фасодкорӣ иттилоъ дода шуда буд.

Бо фармони дигари расииҷумҳур Олимзода Рафиқҷон Раҳмат судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод карда шуд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон фармон додааст, ки Идизода Файзалӣ Фузайлшо бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Идизода Файзалӣ Фузайлшо Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъин гардид.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, Маҳмадизода Муродалӣ Маҳмадӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт озод гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0