Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти ду ташкилоти қарзиро қатъ кард

© SputnikНациональный банк Таджикистана, архивное фото
Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин бора қарори Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба тасвиб расидааст

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Фаъолияти ташкилотҳои қарзии "Вомдеҳ" ва "Рушди Восеъ" қатъ карда шуд, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, раёсати бонк бо дархости ташкилоти қарзӣ иҷозатномаҳои ҶДММ ТАҚХ "Вомдеҳ" ва ҶДММ ТҚХ "Рушди Восеъ", ки аз ҷониби Бонки миллӣ барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шуда буд, бозхонд кард.

Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ фаъолияти ташкилоти "Сафӣ"-ро қатъ кард

Манбаъ таъкид кардааст, ки иҷозатномаҳои ташкилотҳои қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бозхонд шудааст.

"Мақомоти ваколатдори ҶДММ ТАҚХ "Вомдеҳ" ва ҶДММ ТҚХ "Рушди Восеъ" вазифадор карда шуданд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ, бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон комиссияҳои барҳамдиҳиро таъсис дода, ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намоянд", — таъкид кардааст манбаъ.

Бино ба маълумоти БМТ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 25 ташкилоти амонатии қарзии хурд амал мекунанд.

 

Лентаи хабарҳо
0