Бонки миллӣ фаъолияти ташкилоти "Сафӣ"-ро қатъ кард

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаНациональный банк Таджикистана
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин бора қарори раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба тасвиб расидааст

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Фаъолияти ташкилоти қарзии хурди "Сафӣ" қатъ карда шуд, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, раёсати бонк  дархости ташкилоти амонатии қарзии "Сафӣ"-ро барои бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ кард.

Манбаъ таъкид кардааст, ки иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бозхонд шудааст.

"Мақомоти ваколатдори ташкилоти қарзии "Сафӣ" вазифадор карда шуд, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзии номбурдаро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон анҷом диҳад" — таъкид кардааст манбаъ.

Бино ба маълумоти БМТ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 26 ташкилоти амонатии қарзии хурд амал мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0