ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар Русия аз 8 июл тартиботи нави сабти номи шаҳвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирон ҷорӣ шуд, хабар медиҳад рӯзномаи "Коммерсант".
Чинончи, мувофиқи тағйироти нав ба қонунгузории муҳоҷиратии Русия, сабти номи муҳоҷирон дар нишонии ҷойи кор мамнӯъ шуд.
Сабти номи муҳоҷир танҳо дар манзили истиқоматӣ, меҳмонхона, табобатгоҳ, бемористон, ҳатто дар зиндон иҷоза дода мешавад, аммо танҳо дар ҷойи кор не.
Истисно, танҳо ҳолатест, ки агар шаҳрванди хориҷӣ дар ҷойи кор истиқомат кунанд. Масъалан, нафароне, ки дар сохтмон ҳам кор мекунанду ҳам истиқомат, метавонанд худро дар нишонии он ба қайд бигиранд.
Ин тартиботи нав ба миллионҳо муҳоҷирон дахолат дорад.
Барои нақзи тартиботи нав муҳоҷирро аз Русия ихроҷ мекунанд ва кордиҳандаро то 800 ҳазор рубл ҷарима интизор аст.
Пештар шаҳрвандони хориҷиро ба осонӣ метавонистанд дар ҷойи кор сабти ном кунанд. Аммо ҳоло онҳоро бояд дар манзили истиқоматии феълӣ сабти ном кард.
"Пас, ширкатҳо бояд манзилиеро барои кормандонашон ба иҷора гиранд, то ин мушкили рафъ шавад, ё нафароне, ки манзилашонро ба иҷора медиҳанд, бояд муҳоҷирро сабти ном кунанд", — мегӯяд вакил Павел Астахов.
Бино бар омори сарраёсати ВУД Русия дар масоили муҳоҷиратӣ, дар соли 2017 ба Русия 17 миллион шаҳрвандони хориҷӣ ворид шудаанд. Дар кишвар ба таври ҳамешагӣ 9,5 миллион шаҳрванди хориҷӣ зиндагӣ мекунанд.
Пас аз ҳукми қонунӣ гирифтани тартиботи нав, шаҳрвандони хориҷӣ имкон дорад, ки дар се рӯз нишонии сабти номи худро тағйир диҳанд.