ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Шаҳрвандони Русия ҳуқуқ пайдо карданд, ки минбаъд бидуни ҳузури муҳоҷирон сабти номи онҳоро дар манзилҳояшон бекор кунанд, иттилоъ медиҳад рӯзномаи "Известия".
Кумитаи Маҷлиси Русия дар масоили ҷомеаи шаҳрвандӣ ба қонун "Дар бораи сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ ва бидуни тобеият" тағйироти вижа пешниҳод кардааст.
Бино ба иттилои манбаъ, асос барои лағви сабти номи муҳоҷир "рафтани шаҳрванди хориҷӣ аз манзили сабти ном гаштааш шавад". Соҳиби манзил ё ҷониби қабулкунанда бароии лағви сабти номи муҳоҷир, метавонад танҳо ба ВКД Русия ариза нависад.
Тавре, ки вакили Маҷлиси Русия Сергей Гаврилов тавзеҳ додааст, дар ҳоли ҳозир сабти номи муҳоҷирро метавон танҳо дар сурати қалбакӣ будани он бекор кард.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Русия Владимир Путин қонунеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он ба сабти номи муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ ва бидуни тобеият тавзеҳот ворид карда мешавад.
Ҳуҷҷат мафҳуми "маҳалли иқомати шаҳрванди хориҷа дар Русия" ва "ҷониби қабулкунандаи шаҳрванди хориҷӣ дар Русия"-ро тавзеҳ медиҳад.
Маҳалли будубош, мувофиқи тартиботи нав, манзилест, ки дар он шаҳррванди хориҷӣ истиқомат намекунад ё ташкилотест, ки дар он сабти ном шудааст.
Дар назар дошта шудааст, ки шаҳрванди хориҷӣ дар ҳолати қарор доштан дар маҳалли буду бош бояд ба қайд гирифта шавад. Ҳамчунин номгӯи маҳалли истиқоматӣ номбар карда шудааст, ки дар он метавон шаҳрванди хориҷиро сабти ном кард.
Аз ҷумла муайян шудааст, ки шаҳрванди хориҷӣ бояд дар нишонаи ташкилоте сабти ном карда шавад, ки дар он кор мекунад.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Русия Владимир Путин Вазорати умури дохилаи кишвар ва Вазорати меҳнатро ӯҳдадор кард, ки Русия тартиби гирифтани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ва доимиро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бидуни тобеият осон карда шавад.
Ин андоза нисбати нафароне, ки забони русиро хуб медонанд ва дар Русия кор ва зиндагӣ кардан мехоҳанд, қабул мешавад. Тартиботи мазкур аз моҳи январи соли 2020 ҷорӣ хоҳад шуд.
Раисҷумҳур ҳамчунин қайд кард, ки дар ҳолати зарурӣ ба қонунгузории Русия тағйирот ворид карда мешавад.
Дар назар аст, ки супориши Путин то 31 августи соли 2018 иҷро карда шавад