Аз пули элетронӣ то фишорҳои берунӣ: Бонкдорони АвруОсиё дар Душанбе чиро баррасӣ карданд?

© Национальный банк Таджикистана Заседание Центробанков ЕврАзии в Душанбе
Заседание Центробанков ЕврАзии в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе дар ҷаласаи 38-уми Шӯрои бонкҳои марказии АврОсиё самтҳои муҳими фаъолият ва рушди низоми бонкӣ баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар Шӯрои бонкҳои марказии АврОсиё, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид тасмим гирифта шуд, ки дар баробари тақвият бахшидани низоми бонкӣ ва ислоҳоти сохторӣ ба мушкилоти иқтисодӣ ва фишорҳои берунӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки зимни ҷаласа инчунин вазъ ва тамоюли бозори асъор, низоми ҳисоббаробаркунӣ тавассути пулҳои электронӣ, вазъи тавозуни пардохт ва тамоюли захираҳои байналмилалӣ, таъмини суботи молиявӣ, фаъолияти Шӯрои машваратии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд.

Ба Шӯрои мазкур Бонкҳои марказии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия шомил мебошанд.

Манбаъ таъкид кард, ки дар интиҳои ҷаласа бонкҳои узви Шӯро қарор карданд, ки ҷаласаи навбатӣ тирамоҳи соли ҷорӣ дар Қазоқистон баргузор шавад.

 

Лентаи хабарҳо
0