Аҳмадзода: Русия шарики боэътимоди Тоҷикистон аст

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз ҷониби Русия барои барқароркунии хатҳои нақлиёти барқӣ – троллейбусҳо дар шаҳри Хуҷанд ва истифодаи технологияҳои нав дар самти коркарди меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон пешниҳодҳои ҷолиб ироа шуд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар як мулоқот бо намояндагони  доираҳои тиҷоратии Русия, кишварро шарики боэътимоди Тоҷикистон хонд.

Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати Суғд хабар медиҳад, чанде пеш раиси вилоят бо намояндагони доираҳои тиҷоратии Русия, ки бо мақсади иштирок дар Панҷумин намоишгоҳи байналмилалии тиҷории "Суғд-2018" ба вилояти Суғд омада буданд, мулоқот кард.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо аз натиҷаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, гардиши молу маҳсулот, робитаҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои дӯст ва шарикони стратегӣ — Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣнамуданд.

"Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки дар вилояти Суғд нишондодҳои иқтисодиву иҷтимоӣ беҳтар гардида, дастовардҳо сол ба сол бештар гардида истодааст. Русия барои Тоҷикистон шарики боэътимод маҳсуб меёбад ва ҳамкориҳои дуҷониба беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбанд", — таъкид дошт вай.

Международная торговая ярмарка Сугд-2018 в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хуҷанд намоишгоҳи байналмилалии тиҷории "Суғд-2018" ифтитоҳ шуд

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот аз ҷониби Русия барои барқароркунии хатҳои нақлиёти барқӣ — троллейбусҳо дар шаҳри Хуҷанд ва истифодаи технологияҳои нав дар самти коркарди меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон пешниҳодҳои ҷолиб ироа шуд. Раиси вилоят таъкид намуд, ки пешниҳодот мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар оянда ҳамкориҳо таҳким меёбанд.

Ҷонибҳо ҳамзамон зимни суҳбат муҳимтарин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуда, барои мустаҳкам намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва татбиқи ҳадафҳои созанда мубодилаи афкор намуданд.

Ёдрас мешавем, 6-7 июл дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи бузурги тиҷории "Суғд-2018" баргузор шуд. Дар намоишгоҳи доираҳои тиҷории Тоҷикистону Узбакистон ва Қазоқистон Қирғизистон, ҳамчунин меҳмонон аз Русия ширкат намуданд.

Лентаи хабарҳо
0